НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ДАСТРАС КАРДА ШУД.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии нафарони дорои имконияташон маҳдуд, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҳармоҳ ба ду нафар маъюбони ноҳия нафақаи ҳизбӣ таъмин менамояд.

Дар ин росто санаи 30-юми ноябри соли ҷорӣ ба Муродов Асрор - маъюби  гурӯҳи якум, истиқоматкунандаи  деҳаи Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Қумсангир ва ба Сафаров Боймаҳмад сарпараст ва падари маъюби дараҷаи якум Сафаров Тошмаҳмад истиқоматкунандаи деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Панҷ, бо иштироки Зайдуллоев Муҳамадҷон - Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонигӣ таъмин карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки маъюбону барҷомондагон ва шахсони яккаву танҳо пайваста зери ғамхории давлату ҳукумат, хусусан Пешвои миллат, раиси   ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.