АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ “МАКТАБИ МАН” БАРГУЗОР ГАРДИД.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақшаи тасдиқгардидаи Амалиётҳои муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери унвони "Соати сиёсӣ" ва ҳамзамон “Мактаби ман” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и Ҷамоати деҳоти Панҷ ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки роҳбарияти муассиса, сокинони фаъол ва хатмкардагони муассисаи таълимии номбурда баргузор гардид.

Амалиёти муштараки - “Мактаби ман”-ҳадафи созандаву бунёдкорона буда, дар пешрафти маорифи кишвар метавонад ҳиссагузор бошад.