ЁДЕ АЗ ГУЗАШТАГОН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар якҷоягӣ бо фаъолону сокинони деҳаҳои Наврӯз ва Деҳқонободи ҷамоати деҳоти Истиқлол ҷиҳати тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо аксияи ҳизбӣ зери унвони “Рӯзӣ ёдоварӣ” доир гардид.  

Дар чорабинии мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, 2 нафар эмомхатибони ҷамоат ва зиёда аз 200 нафар сокинон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок дошта, ҳар як иштирокчии чорабинӣ бо мақсади саҳм гузоштан дар  тозаву озода  намудани гирду атрофи ин оромгоҳҳо дар корҳои ободонӣ машғл гардида, дар ҳаққи гузаштагон дуои  нк карданд.

 Метавон зикр кард, ки чунин аксияҳои ҳизбӣ баҳри тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо зери унвони “Рӯзӣ Ёдоварӣ” дар оянда низ аз ҷониби фаъолону сокинон дар дигар ҷамоатҳои ноҳия ташкил ва гузаронида хоҳад шуд.