ТОЗАГИИ МУҲИТ-ОМИЛИ БЕҲДОШТИ САЛОМАТӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки ҷамъи кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати тозаю озода гардонидани муҳити атроф ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ шанбегӣ баргузор гардид.

Метавон зикр кард, ки дар шанбегии мазкур гирду атрофи бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия рубучин карда шуда, аз ҳаргуна партовҳо  тоза карда шуд. Инчунин, гулҳои ороишие, ки дар назди бинои ҳизб нашъунамо ёфта истодаанд, ба тартиб дароварда шуда, атрофи онҳо аз ҳаргуна алафҳои худрӯй тоза карда шуд. Метавон қайд кард, ки чунин шанбегиҳо бо иштироки кормандони ҳизби ноҳия ва ҷалби фаъолону волонтёрон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе баргузор мегардад.