ШАНБЕГӢ АЗ ҶОНИБИ АЪЗОЁНИ ТИ “ИТТИФОҚ”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 26-уми ноябри соли ҷорӣ аз ҷониби аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Иттифоқ” шанбегӣ баргузор гардида, зимни баргузории он атрофи бинои Муассисаи таълимии №13-и деҳаи Наврӯз рубучин ва аз ҳаргуна алафҳои худрӯй тоза гардонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки аксияи мазкур баҳри тозаю озода нигоҳ доштани атроф ва баҳри ҳифзи муҳити зист баргузор гардида, омили беҳтаре баҳри пешгирӣ аз ҳаргуна бемориҳо хоҳад гашт.