КОРҲОИ СОЗАНДАГИ ҶАРАЁН ДОРАНД.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар  Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашнҳои таърихӣ бо маром идома доранд. Дар деҳаи Сомонӣ Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳия барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни  35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои тахту ҳамворкунӣ ва сангфаршкунии беш аз 1 километр роҳ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша оғоз гардидааст.

Бояд қайд намоем, ки ин иқдом барои беҳбуди бахшидан ба рафту омади сокинон дар амал татбиқ гардида истодааст. Айни замон корҳои тахту ҳамворкунии роҳ,  зиёда аз 1 километр роҳ бо маблағи 8 ҳазор сомонӣ сангфарш гардид ва дар ин амали хайр муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Муҳамадҷон Зайдуллоев низ иштирок намуда, саҳми худро гузоштанд.