МУСОБИҚАИ “ШАШКА ВА ШОҲМОТ” МИЁНИ КАЛОНСОЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади инкишофи нерӯи солими ҷомеа, баланд бардоштани маҳорату малакаи зеҳни дар риштаи варзиш, сайқал додани фикрронӣ ва инкишофи нерӯи зеҳнӣ миёни коргарони муассисаву ташкилотҳо бахши кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати шавқовару хотирмон гузаронидани ин бозиҳои варзиширо миёни  коргарони муассисаву ташкилотҳо  роҳандозӣ намудааст.

Дар асоси нақшаи кории тасдиқ гардидаи бахши кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии мусобиқаи  варзишии “Шашка ва Шоҳмот” баргузор  гардид.