Мусобиқаи "Футбол" байни хонандагон баргузор гардид.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун мусобиқаи Футбол байни хонандагони муассисаҳои миёнаи умумии ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки мудири бахши кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асоев Олимбек гузаронида шуд.

Баргузории мусобиқаи мазкур бахшида ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаҳо ин тақвият бахшидани дӯстиву якдигарфаҳми байни ҷавонон буда, баҳри солимии ҷомеа ва ҷалб намудани насли наврас ба варзиш ва тарзи дурусти ташаккули ҳаёти солим мусоидат мекунад.