“СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МТМУ №14

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29-уми октябри соли равон бо мақсади амали намудани Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон зери унвони “Соати сиёсӣ” бо иштироки омӯзгорони соҳибтаҷриба ва таърихшинос дар муассисаи таълимии №14-и Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

         Дар ин соат вобаста ба мавзӯҳои “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон”, “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон” ба омӯзгорон ба хонандагон дарс гузаштанд.

Мавриди зикр аст, ки дар МТМУ№14 амалиёти “Соати сиёсӣ” дар сатҳи баланди таълимиву тарбиявӣ бо овардани мисолу далелҳои воқеӣ аз ҷониби омӯзгорон ва роҳбарияти муассиса баргузор гардид, ки хонандагон ба худ гизои маънавӣ гирифтанд.