РАФТИ “СОАТИ СИЁСӢ” МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №10

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таълимии №10-и Ҷамоати деҳоти Қумсангир “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.

Ин дарси сиёсиро омӯзгорони ботаҷриба ва таърихшиноси муассисаи таълимии номбурда, зери мавзӯҳои мубрами рӯз, хусусан “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон”, “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон” мубодилаи афкор намуда, дар рафти он хонандагон ба худ як илҳоми тозза ва маълумоти зарурӣ гирифтанд.

Метавон зикр намуд, ки маҳз хизматҳои беинтиҳои Сарвари давлат, ҷоннисориҳо ва ташаббусҳои беназири ӯ буд, ки мо соҳиби чунин кишвари оббоду соҳибистиқлол ҳастем ва ин ҳама манша мегирад аз Иҷлосияи тақдирсоз, ки санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд.