МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №4 “СОАТИ СИЁСӢ” БАРГУЗОР НАМУД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таълимии №4-и Ҷамоати деҳоти Панҷ амалиёти муштарак зери унвони “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.

Дар ин соати сиёсӣ аксари омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии номбурда иштирок намуда, вобаста ба мавзӯҳои “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон”, “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон” андешаронӣ намуданд.

Зимни баромадҳо вобаста ба мавзӯҳои болозикр, хусусан дар бораи вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, вазъияти зудтағйирёбандаи олами имрӯза, тарбяи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, хизмат дар сафи Артиши миллӣ, садоқат ба Ватан, дӯст доштани Ватан, меҳанпарастӣ ва хештаншиносӣ изҳори андеша гардид.