“СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МТМУ №25

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29-уми октябри соли равон бо мақсади амали намудани Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон зери унвони “Соати сиёсӣ” бо иштироки омӯзгорони соҳибтаҷриба ва таърихшинос дар муассисаи таълимии №25-и Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ гузаронида шуд.

 Дар ин соат вобаста ба мавзӯҳои “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон”, “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон” ба иштирокдорон дарс гузашта шуд.

Аз ҷумла дар бораи Хизматҳои беинтиҳои Сарвари давлат, ҷоннисориҳои ӯ, ташаббусҳои беназир ва ғамхориҳои беандоза дар самти мактабу маориф сухаронӣ гардид.

Метавон гуфт, ки дар МТМУ№25 амалиёти “Соати сиёсӣ” дар сатҳи баланди таълимиву тарбиявӣ бо мисолу далелҳои воқеӣ аз ҷониби омӯзгорон ва сарвари муассиса баргузор гардид, ки хонандагон ба худ як ҷаҳон тарбияи маънавӣ дарёфт намуданд.