ИДОМАИ АМАЛИЁТИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29-уми октябри соли ҷорӣ бо мақсади амали намудани Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон зери унвони “Соати сиёсӣ” бо иштироки омӯзгорони соҳибтаҷриба ва таърихдон дар муассисаи таълимии №31-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол баргузор гардид.

         Маърузачиён оид ба мавзӯҳои “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон”, “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон” ба иштирокдорон дарс гузаштанд.

         Хусусан иброз гардид, ки бо шарофати заҳмату талошҳои беназири Президенти тозаинтихоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳое, ки дар Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз ба хотири оштии миллӣ, таъмини сулҳу субот ва пешрафти минбаъдаи кишварамон тарҳрезӣ градида буд, амалӣ шуданд.