АМАЛИЁТИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МТМУ №39

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баргузории Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон зери унвони “Соати сиёсӣ” бо иштироки омӯзгорони ботаҷриба ва хатмкардагон дар муассисаи таълимии №39-и Ҷамоати деҳоти Қумсангир баргузор гардид.

Баромадкунандагон вобаста ба мавзӯҳои “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон”, “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон” ба иштирокдорон дарс гузаштанд.

         Хусусан иброз гардид, ки санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикситон баргузор шуд, ки дар аёми барои халқу кишварамон тақдирсоз он ояндаи миллати моро куллан тағйир дод.