САҲМИ СОКИНОН ДАР БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” НАЗАРРАСАНД!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 30-юми октябри соли равон тибқи Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо ҷалби сокинон ва фаъолони ҳизбии Ҷамоати деҳоти Истиқлол амалиёти умуминоҳиявӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» баргузор гардид.

Амалиёти мазкур дар оромгоҳи деҳаҳои Лоҳутӣ ва Орзӯи Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо иштироки намояндаи ноҳиявии ҳизб ва эмомхатибону фаъолони ҷамоати мазкур гузаронида шуда, дар рафти он атрофи оромгоҳ аз алафҳои хушкшуда ва ҳар гуна партовҳо тоза гардонида шуд.

Ҳамзамон дар ин аксия роҳи асосии ин оромгоҳ, ки дар фаслҳои сармо рафтан бо воситаи он ба сокинон мушкилотро ба миён меовард, хушбахтона бо ҷалби фаъолону саховатмандони ҷамоат дар ин амалиёти «Рӯзи ёдоварӣ» ин роҳ бетонпуш карда шуд ва аз ин пас сокинон метавонанд дар чор фасли сол бемамоният ба ин оромгоҳ сафар намуда, арвоҳи гузашгонро шод намоянд.