АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ “СОАТИ СИЁСӢ” АМАЛӢ ГАРДИД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29 октябри соли 2022 мувофиқи нақшаи Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон зери унвони “Соати сиёсӣ” дар муассисаи таълимии №6-и Ҷамоати деҳоти Панҷ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Т., вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия-муовини раиси ноҳия Бахтдавлатзода Г, намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия ва омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии мазкур баргузор гардид.

Зимни баргузории ин ташаббус баромадкунандагон вобаста ба “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон”, “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон” суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла иброз гардид, ки; “Санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикситон баргузор шуд, ки дар аёми барои халқу кишварамон тақдирсоз ин иҷлосия ояндаи миллати моро куллан тағйир дод. Аз ин лиҳоз, ин иҷлосияро Иҷлосияи тақдирсоз меноманд”.

Ҳамзамон вобаста ба вазъи имрӯзаи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, тарбяи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, сафарбар гардидани ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, садоқат ба Ватан ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ибрози андеша гардид.