ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ “СОАТИ СИЁСӢ”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон имрӯз яъне санаи 29 октябри соли 2022 дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷайҳун “Соати сиёсӣ” баргузор гардидаистодааст.

Чунин ташаббус дар муассисаи таълимии №17-и Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳия Сайфулоев Раҳмиддин, вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия Чулаев Шодибек, намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия ва омӯзгорону кули хонандагони муассисаи таълимии мазкур баргузор гардида, ҳар як баромадкунанда вобаста ба мавзӯҳои “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон”, “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон” андешаронӣ намуданд.

Хусусан иброз гардид, ки санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикситон баргузор шуд, ки дар аёми барои халқу кишварамон тақдирсоз он ояндаи миллати моро куллан тағйир дод.