ТАДБИҚИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАК ЗЕРИ УНВОНИ “СОАТИ СИЁСӢ”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон имрӯз яъне санаи 29 октябри соли 2022 дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷайҳун “Соати сиёсӣ” баргузор гардидаистодааст.

Дар ин радиф имрӯз дар муассисаи таълимии №1-и Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ чунин соати сиёсӣ вобаста ба мавзӯҳои “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон”, “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон” баргузор гардид, ки дар он намояндаи ноҳиявии ҳизб, бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия ҳамзамон омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии номбурда иштирок ва суханронӣ намуданд.