ТОЗАГИИ МУҲИТИ АТРОФ - АМАЛИ НЕКИ ИНСОНИСТ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси барқияи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ №26 аз 10-уми октябри соли 2022 ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои оббодонӣ ва баргузории шанбегӣ ҳамзамон саҳм гузоштан дар корҳои тозагардонию оббодонии гирду атроф санаи 22-юми октябри соли равон дар назди биноҳои ҳизби ноҳия ва Раёсати молия шанбегӣ ва корҳои тозагию озодагардонӣ гузаронида шуд.

Дар шанбегии мазкур кули кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва Раёсати молия дар ноҳия фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи биноҳои мазкур рубу чин ва бехи дарахтони атрофи он нарм карда шуда, аз ҳаргуна ифлосиҳо тоза карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки минбаъд чунин ташабусҳо ва корҳои тозагию оббодонӣ ҳар рӯзи шанбе бо иштироки кормандони ноҳиявии ҳизб ва дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардида, бо мақсади саҳм гузоштан дар корҳои оббодонӣ ба шанбегӣ хоҳанд баромад.