ШАНБЕГӢ АЗ ҶОНИБИ АЪЗОЁНИ ТИ “МАРКАЗИ САЛОМАТӢ”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 22-юми октябри соли равон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоӣ ва ҳамзамон саҳм гузоштан дар корҳои тозагардонию ободонии гирду атроф аз ҷониби кормандон ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатӣ” зери роҳбарии  раиси ташкилоти ибтидоӣ Холов Саидмурод шанбегӣ баргузор гардида, зимни баргузории он атрофи бинои Маркази саломатӣ дар ноҳия рубучин ва аз ҳаргуна алафҳои худрӯй тоза гардонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки ташкилоти ибтидоии номбурда дар амалӣ намудани чунин иқдомҳо фаъол буда, ҳар рӯзи шанбе бо иштироки кули кормандон чунин аксияҳоро баргузор менамояд.