ШАНБЕГӢ БАҲРИ ТОЗАГИИ МУҲИТИ АТРОФ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои барқияи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ №26 аз 10-уми октябри соли 2022 ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои оббодонӣ ва баргузории шанбегӣ имрӯз бо иштироки раис ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва ҳамзамон кули омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии №17(ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Наврӯз”) Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ шанбегӣ ва корҳои тозагию озодагардонӣ гузаронида шуд.

Дар ин шанбегӣ тамоми омӯзгорону хонандагони муассисаи таълмии номбурда фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи муассиса ва бехи дарахтони атрофи он рубу чин ва нарм карда шуда, аз ҳаргуна ифлосиҳо тоза карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки минбаъд чунин ташабусҳо ва корҳои тозагию оббодонӣ ҳар рӯзи шанбе бо иштироки кормандони ноҳиявии ҳизб ва дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардида, бо мақсади саҳм гузоштан дар корҳои оббодонӣ ба шанбегӣ хоҳанд баромад.