Роҳсозӣ амали хайру савоб аст!

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Роҳсозӣ ҳамчун рисолати нексириштӣ дар ҳаёти ҷомеа аҳамияти хосса дошта, ба бартарафсозии маҷмуи мушкилоти рӯзгор ва фароҳам овардани шароити пешрафти зиндагӣ мусоидат менамояд. Ҳизбиёни ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо таваҷҷуҳи аъзоёни фаъоли худ, дар бунёду азнавсозии роҳҳои мошингард саҳми босазо гузошта истодаанд.

Бо ибтикори шахсони олиҳиммату саховатпешаи деҳаи Ориёнои Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон ва бо дастгирии раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат роҳи деҳаи Ориёно то кӯчаи С. Шерозии шаҳраки Москва мумфарш шуда истодааст.