Деҳаро ободу зебо месозем!

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Роҳсозӣ ҳамчун рисолати нексириштӣ дар ҳаёти ҷомеа аҳамияти хосса дошта, ба бартарафсозии маҷмуи мушкилоти рӯзгор ва фароҳам овардани шароити зиндагӣ мусоидат менамояд. Дар ин раванд  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи ташаббусҳои созандаи ҳизбӣ дар деҳаи Ҳаёти Нави Ҷамоати деҳоти Чубек масофаи 500 метр роҳҳои байни деҳаро бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Абдурозиқов Абдураҳим ва  сокинону волонтёрон сангфарш карданд.