Ташаббусҳои созандаи ҳизбро амалӣ месозем!

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ҷашни фархундаи 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ амалӣ намудани ташуббусҳои ҳизбиро рӯи кор гирифтааст.

Дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Давлатов Абдулло ва дастгирии шахсони ҳимматбалану хайрхоҳ иншооти гигиени бо усули дренажи сохта ба истифода дода шуд.