Амалишавии амалиёти муштарак

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон зери унвони “Мактаби ман” амалӣ гардида истодааст.

Хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №10-и деҳаи Сафедоб Шарифов Шаҳбоз бо дастгирии ҳамдеҳаҳои худ сохтмони 9-синфхонаи таълимиро ба уҳда гирифт. Корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи якум  ба итмом расидаанд.

Аз рафти сохтмон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Саидмуминзода Аббос ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ғоибзода Насимҷон дидан намуда, барои хубтару беҳтар ба роҳ мондани корҳои сохтмони муассисаи таълимӣ  дастуру супоришҳо доданд.