Амалишавии аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" дар маҳал

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ибтикори раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Тудабоён" Саидов Ёраҳмад дар ҳамбастагӣ бо сокинони деҳаи мазкур барои насб кардани трансформатори нав корҳои васлу насбкунӣ  дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя месозем!"  рафта истодааст. Дар чорабинии  ҳизбӣ  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ ширкат дошта, барои татбиқи ҳадафҳои созанда  ва дастгирии бевосита ба сокинон  изҳори миннатдорӣ баён карданд.