Роҳандозии аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем"

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо ибтикори раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Давлатов Абдулло дар якҷоягӣ бо шахсони ҳимматбаланду хайрхоҳ дар даромадгоҳи деҳа истгоҳи замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар гирду атрофи истгоҳ гулҳои ороиши шинонида шуданд.

Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Хакимчон Ишмуродов дар амалишавии аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем" иштирок карда, ба аъзоёни фаъоли ҳизб, ки дар корҳои ободонию созандагӣ фаъолона ширкат варзиданд, баҳои баланд дод.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ А.Саидмуминзода қайд намуд, ки мо аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 35-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бояд бо корҳои ободониву созандагӣ пешвоз гирем.