ОДИНА ҲОШИМО,ТУРО МАН ЁД МЕКУНАМ, ҒАМХОНАЕ БА КӮЙИ ХУД ОБОД МЕКУНАМ!

Ҳамадонӣ: Андеша  

Имрӯз дар шаҳри Перм ба сартарошхона даромадам, ки Усто Ҳайдар дар он ба муҳоҷирон хизмат мерасонад. Ногаҳон занги телефони мобилиам баланд шуд,ки дар он суруди Устод Одина Ҳошим "Ғами дил" садо дод, ки худам онро гузошта будам.

Ногаҳон бинам оби дидагони Усто Ҳайдар ҷорӣ шуд.

Усто,чи гап шуд, гуфта пурсидам?

Он кас нақл карданд, ки солҳои 1992-1993 дар сартарошхонаи воқеъ дар ошёнаи якуми ресторани "Дӯстӣ"-и шаҳри Душанбе кор мекардам, ки ногаҳон Устод Одина Ҳошим барои муйи сарашонро паст кардан даромаданд. Ман он касро аввал нашинохтам, мӯйи сарашонро паст кардам ва ҳиҷолатомез ба Устод Одина Ҳошим гуфтам, ки хело ҳам ширин ва шинос менамоед, Шумо Устод Одина Ҳошим ҳастед? 

Устод Одина Ҳошим ханда карда гуфтанд, ки монанд нестам? Не, монанд ҳастед,аммо ба наздикӣ як сурудатонро ба воситаи телевизион тамошо кардам симоятон аз ҳозира дида хело ҳам ҷавон менамуд. Усто Ҳайдар чой дам намуда ҳамроҳи Устод Одина Ҳошим сӯҳбат намуданд.Ин сӯҳбатро ман пурра хотири он,ки худам ва тамоми сомеъони Устод Одина Хошимро озурда насозам рӯйи қоғаз намеорам.Ба қадри Устод Одина Ҳошим нарасидем ва Худо медонад,ки чунин нобиғаи олами маънӣ,шеъру суруд ва мусиқии воло дигар пайдо шавад.

Ин ҷо ду расми Устод Одина Хошимро бароятон пешкаш менамоям,ки дар онҳо бараъло дида мешавад,ки дар як лаҳзаи кӯтоҳ,аз ғами миллат бемор шуда саломатиашонро аз даст додаанд.Дар навори видеоӣ бошад писарашон- Раҳматулло ҳамроҳи шогирдашон Шокири Қодир шеъри Устод Қутбӣ Киром, ки дӯсти Устод Одина Ҳошим буданд, бароятон пешкаш менамоям. Худо раҳмату мағфират кунад, Устод Одина Ҳоширо!

РАХМАТУЛЛО МАЗОРИЕВ

29 октябрь 2019 г. ·