ШИОРИ ХОИНОН ВА ТЕРРОРИСТОН: ГӮР СӮЗАДУ ДЕГ ҶӮШАД. ЗИН ЛИҲОЗ ФИРЕФТА НАШАВЕД

Ҳамадонӣ: Вокуниш  

Бар қадри озодӣ, давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд бирасад ва дар ҳифзи марзу буми Меҳан ва осудагии он сидқан саҳм гузор бошад. Ҳамеша бояд мубориз бошем. Бонангу номус бошем. Бар қадри ҳар як хору хас, сангу хоку оби Ватан бирасем. Ин суханон ҳушдорест бар он инсонҳое, ки фирефтаи хоҷагони берун ва дасисабозон нагарданд. 

Ба ёд оред ҳамонҳо мусулмонҳое набуданд, ки дар шаҳри Кобул дар қатл расонидани хоҳари ноком Фархунда 19 марти соли 2015 иштирокчии куштори бераҳмона ва аксар тамошобин буданд. Ин ҳама суханон таъкиде бар гумроҳон аст, ки гумроҳ нагарданд. Аз роҳи рост гом гузоранд, андешаҳои солимро соҳиб бошанд, дар рушду нумӯъи кишвар саҳмгузор бошанд. Ман ҳамон лаҳза шеъре навишта будам ба ҳамин мазмун; "Ҳар як назар ба бодияи қатл кӯр буд".

Умре ба қасди ҷону дили худ шикори кист?!

Оташ задан ба ҷисми зане ибтикори кист?!

Баргӯ вилоди шоҳ Наҷибат ба дори кист?!

Ин қотилони бегуҳарат аз табори кист?!

То Бар фалак расид фиғон, додрас куҷост?

Хун баста чашми Робия, фарёдрас куҷост?!

Тифли умед мурд, бигӯ, ёдрас куҷост?!

Сад санг хӯрд пайкараш, имдодрас куҷост?!.

Дар чашми даҳр куштани Фархунда зӯр буд,

Ҳар як назар ба бодияи қатл кӯр буд.

Ҳарчӣ ки дар навор буд, аз ақл дур буд.

Одам амал чунин накунад, мору мӯр буд.

Пурхуну дар фиғон шуда дарёи Кобулаш,

Азбаски шуста буд дар ин об кокулаш.

Дар навбаҳори умр, ки навруста буд гулаш,

Дар баҳри обу сӯз будӣ ғарқ булбулаш.

Гӯ қалби меҳрпарвари инсон куҷо шудаст?

Ё меҳр дар замири дили мо фано шудаст?.

Ё илтиҷо ба кӯи садоқат адо шудаст?

Куштан фақат ба мардуми ҷоҳил раво шудаст.

Аз марги некмард набидҳам дигар хабар,

Оне ки кушт Аҳмади Зоҳир чӣ дид бар?

Ҳар қотиле ба даҳр занад ҷилва сад агар,

Ҷон аз вуҷуди миллати худ мекунад бадар.

Барқе миёни субҳгаҳу шоми тор нест,

Ин ҷо муҳити боварию эътибор нест.

Дилро ба мулки хеш бизан, ёр ёр нест,

Инсофу раҳм дар дили хешу табор нест.

Қавме агар зи куштани худ ҳеҷ сер нест,

Бовар ба кӯи фаҳм кунад ҷой, дер нест.

Бар дасту пойи фаҳм чӣ занҷир мезанед?!

Дар ҳеҷ гуна кунҷи қафас шер шер нест.

Чун ваҳшиён ба мушту лагад мезананд кас,

Оғози кор то ба абад мезананд кас.

Пас аз шиканҷае ба лаҳад мезананд кас,

Худ пургунаҳ зи номи Аҳад мезананд кас.

Ин ҷо диёри хунзадаи хокбез шуд,

Осори меҳр гум шудаву теғ тез шуд.

Нафрини он макон бикунам, ҷумла бетараф,

Оҳуи дашту кӯҳ ҳама дар гурез шуд.

Ин марг нест, фоҷиаи халқу миллат аст,

Ин дард не, касифию хорию зиллат аст.

Андар диёри Мавлавию Ҷомии бузург,

Донам, ки ҷабру кардае сахт аз ҷиноят аст.

Аз рӯи Ҳақ ба аҳли ҷамоат назар кунед,

Аз дил тавон либоси куҳанро бадар кунед.

Бо оби меҳр боғи диле пурсамар кунед,

Дунё ба шамъи ишқ фақат шуълавар кунед.

 19 марти соли 2015 

Шаҳри Душанбе