АЗ САТРИ СИЯҲ МАҶӮ ТУ БАХТИ ИСПЕД

Ҳамадонӣ: Вокуниш  

ШАҲРИЁР.

Барои фаранҷипӯшон

Дар маънии ислом ва ё дар имон

Бар ришу ҳиҷоб такя чун мебояд?

Ҳар қадр агар банди хурофот шавем,

Он қадр ба даври умр ширк афзояд.

Ислом на пайванд ба бори ранг аст,

Ислом на роҳи фитнаю не ҷанг аст.

Не сатр ба сар кардану не саллаву риш,

Ислом ба дил қалъаи ному нанг аст.

Дар сатру ҳиҷоб ҳила дорад иблис,

Пайванд ба сад қофила дорад иблис.

Дар пар-параки домани як қавми риё

Сад шилшилаи силсила дорад иблис.

Дар маънии ранги сияҳи сатр, яқин,

Сад лафзи дигар нуҳуфта бошад аз кин.

Аз бахти сафед шукр мебояду бас,

Дар асл сияҳпӯш бувад ҷину аҷин.

Аз сатри сияҳ маҷӯй бахти испед,

Доман накунад паноҳ рӯи хуршед.

Он чиз ба ботин аст, зоҳир гардад,

Олуча наметавон, ки барчид аз бед.