Тибқи консепсияи бехатарии вуҷудӣ, сабабҳо, омилҳо ва шароити ифротгароии исломиро аз рӯйи
(а) аҳамиятнокӣ,
(б) татбиқшавӣ ва
(в) иҷроиш (нақши иҷрокунандагон)
метавон ба категорияҳои алоҳида табақабандӣ ва ҷудо кард.
Аз рӯи аҳамиятнокӣ (1) сабабҳои вуҷудӣ ва (2) омилҳо ва шароити мусоидаткунанда мавҷуданд. Сабабҳои вуҷудӣ муайянкунанда ва омилҳою шароити мусоидаткунанда метавонанд аз як контекст ба контексти дигар, аз як шахс ба шахси дигар, аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар фарқ кунанд.
Аз рӯйи татбиқшавӣ, ду категория вуҷуд дорад: (1) сабабҳои пешбаранда (бартаридошта) ва (2) омилҳо ва шароити таҳрикдиҳанда. Масалан, идеология ва ё тафсири махсуси дини ислом (чун ҷиҳод) метавонад сабаби пешбаранда бошад. Он метавонад ҳадафи ҳаракати радикалиро муайян кунад, дар ҳоле ки омилҳо ва шароити таҳрикдиҳанда барои расидан ба зинаҳои алоҳидаи ин ҳадаф (ҷиҳод) заруранд. Дар асрҳои охир коммунистон элитаи ҳукмронро, ки сабаби асосии нобаробарӣ ва беадолатиҳои иҷтимоӣ медонистанд, ҳадаф қарор доданд. Харакатҳои миллӣ-озодихоҳӣ ба муқобили истеъморгарон мубориза мебурданд. Террористони исломӣ мардуми бегуноҳро қатл мекунанд, зеро бовар доранд, ки онҳо тарафдори душманони идеологии онҳо, яъне кофирон ҳастанд. Дар ҳар сурат, камбизоатӣ, бекорӣ, табъиз ва авторитаризм метавонанд омилҳо ва шароити таҳрикдиҳандаи инқилоб, озодии миллӣ ё ҳамлаи террористӣ бошад. Аммо онҳо сабабгори инқилоб, озодии миллӣ ва терроризм шуда наметавонанд, вагарна миллиардҳо одамон исён мебардоштанд, барои озодии камшуморҳо мубориза мебурданд ва ё якдигарро аз роҳи террор аз байн мебурданд.
Аз рӯйи иҷроиш (нақши иҷрокунандагон) ширкаткунандагони ҳаракатҳои радикалӣ мақом ва нақшҳои гуногун доранд. Масалан, тоҷикон дар Давлати Исломӣ- Хуросон (ДИ-Х) бештар ҳамлаҳои интиҳорӣ анҷом медиҳанд. Онҳое, ки забони арабиро медонанд ва ё мутахассиси технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ ҳастанд, дар ДИ-Х мавқеъҳои пешбариро мегиранд. Бо вуҷуди чунин тақсими нобаробари мақому нақшҳо, ҳамаи онҳоро сабаби пешбарандае чун идеологияи исломӣ муттаҳид мекунад. Ҳамаи онҳо ба ҷиҳод бовар доранд ва кофирро душмани худ медонанд.
Хулоса, рӯшангарӣ (маърифатпарварӣ) аз муҳимтарин корҳое мебошад, ки бояд бар зидди ифротгароӣ анҷом дода шавад.