АКСИЯИ ТОЗАГИИ МАҲАЛ ДАР ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ 

Ҳамадонӣ:  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои судманди Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода ки зимни сафари кориашон ба ноҳия иброз доштанд баҳри тозагии гирду атроф, ҳифзи муҳити зист дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аксияи тозагии роҳ ва маҳал бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ҳамбастагӣ бо кормандони Идораи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия баргузор гардид.  

 Дар аксияи мазкур 280 нафар сокинон ба ҳашар баромада, партовҳои гирду атроф ва назди шоҳроҳи ноҳияро тозаю озода намуданд. Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон аз тарафи бахшҳои болозикр мунтазам чунин ҳашарҳо, аксияҳо тозагии маҳал дар ҳар як Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир шуда, бо ин мақсад тозагию ободонии деҳу рустоӣ ноҳия мунтазам ба роҳ монда мешавад