БА ЯК ТӮДА ГУМРОҲОН, ПАЙРАВОНУ ДУМУ ДУМЧАҲОИ НАҲЗАТ ВА ГУРӮҲИ 24

Ҳамадонӣ: Вокуниш  

Вақте дилат насӯзад бар гиряҳои модар,

Раҳме агар надорӣ бар нолаҳои хоҳар,

Ё худ ки душман астӣ, бар ёру бар бародар, 

Вақте, ки кина дорӣ бар ҳар азизи дигар,

Худро чӣ меҳисобӣ ғамхори халқу кишвар?

 

Вақте падар бихоҳад дидан рухи писарро,

Хоҳад, ки даст гирӣ ҳар лаҳзае падарро,

Аммо ту хор кардӣ он шахси муътабарро,

Зеро ки пайрав астӣ як тўда гову харро,

Сад ҳайфи заҳмате, ки баҳрат падар кашидаст.

 

Вақте падар ба ёдат ғамноку зору хаста, 

Ҳар ҷо равад ба рӯяш дарҳои айш баста, 

Аз дасти ту ягон дам аз ғуссаҳо нараста, 

"Парвози ту баланд"-у парҳои ӯ шикаста,

Худро чӣ меҳисобӣ содиқ барои миллат?

 

Вақте, ки модари ту дар бистари ҳалок аст, 

Воқиф найӣ, ки қалбаш зардобу чок-чок аст,

Беэҳтиромии ту бисёр дарднок аст,

Бо ин хабисӣ, эй дун, ҷойи ту зери хок аст.

Рўзи хуше набинӣ, модар ризо набошад.

 

Вақте ки ҳамсарат шуд бо дигаре ҳамоғӯш,

Вақте ки аз хаёлаш гардидаӣ фаромӯш, 

Дар хона кӯдаконат аз тарс лолу хомӯш, 

Ҳастӣ даме, ки пинҳон дар ғор мисли харгўш,

Аз чӣ хароб гӯйӣ ояндаи Ватанро? 

 

Хиште намондаӣ ту болои хишт ҳаргиз, 

Дар умри худ накардӣ як дона кишт ҳаргиз, 

Ҳарфи хуше нагуфтӣ ҷуз ҳарфи зишт ҳаргиз, 

Мирӣ агар, набинӣ рўи биҳишт ҳаргиз,

Зеро биҳишт бошад дар зери пойи модар.

 

Гӯяд падар ба ҳасрат: - аз дурии ту доғам, 

Модар ба дард гӯяд: - як бор кун суроғам,

Ҳамсар туро бигўяд ҳар лаҳза -деҳ ҷавобам, 

Мирӣ зи баски рўзе дар мулки ғайр бо ғам,

То рӯзи ҳашр ҳастӣ шармандаи ду олам

 

Як рўз мешавӣ ту аз кори худ пушаймон,

Эй бехирад, зи кулли кирдори худ пушаймон, 

Аз иштибоҳҳои бисёри худ пушаймон,

Аз ҳарфҳои фаҳшу такрори худ пушаймон,

Он лаҳза баччаи ту фарзанди дигарон аст.

 

Фарёд мезанӣ ту, азбаски дур ҳастӣ,

Таҳдид мекунӣ ту, гўё, ки зўр ҳастӣ,

Берун зи хоки Меҳан бо бахти шўр ҳастӣ,

Мо чорае надорем, зеро ту кўр ҳастӣ, 

Ободии Ватанро дидан наметавонӣ.

 

Беҳуда метарошӣ бо ранҷ ҷисму ҷонат,

То ки ду се касофат хонанд қаҳрамонат, 

Аммо ту зоча ҳастӣ дар дасти хоҷагонат, 

Беҳуда мехарошӣ дилҳои волидонат,

Дур аз хаёли худ кун ин орзуи хомат!

 

Бар дини поки ислом гўё, ки ошиқ астӣ,

Бар васфу бар ситоиш гӯйӣ, ки лоиқ астӣ,

Бар миллату диёрат ғамхору содиқ астӣ,

Савганд бар Худо, лек каззобу фосиқ астӣ,

Мардум аз ин фиребат огоҳ то қиёмат!

 

Вақте ки шоҳи олам бошию модарат нест, 

Ё сарвазири дунё бошию хоҳарат нест,

Бо салтанат биёӣ, бинӣ, бародарат нест,

Ойӣ, агар ки меҳри фарзанду ҳамсарат нест,

Беҳтар бувад, ки он рӯз мирӣ ту аз хиҷолат.

 

Сар то сари Ватанро обод карда, Сарвар,

Моро зи ҳар балое озод карда, Сарвар,

Сад тарҳи дигареро эҷод карда, Сарвар,

Уммеди хоинонро барбод карда, Сарвар, 

Бовар надорӣ? Як рӯз бо чашми худ бин!

 

Зӯрӣ? Биё, падарро бо меҳр сарварӣ кун,

Модар, ки бе ту ғамдил, ою диловарӣ кун,

Бар хоҳарони танҳо боре бародарӣ кун,

Бар ҳамсарат, ки ҳар ҷо танҳост, ҳамсарӣ кун,

Худро чаро зи дурӣ чун шер меҳисобӣ? 

Куҳзоди Фатҳулло

07.10.2023

Одами боақалу дорои маърифтаи баланди ҳуқуқӣ худаш аз ин манзума хулосаашро мебарорад. Гап соҳибашро меёбад