АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Ҳамадонӣ:  

Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва супориши протоколии Маҷлиси назоратии назди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро, ҳар ҳафта дар ташкилотҳои ибтидоӣ бо иштироки аъзоёну ҷонибдорони ҳизб "Хонишҳои сиёсӣ" баргузор карда мешавад.Чунин чорабинӣ имрӯз бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Майид Алии Ҳамадонӣ дар ташкилоти ибтидоии "Коллеҷи тиббӣ" баргузор карда шуд. Дар рафти "Хониши сиёсӣ" корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Лоиқ Мирзоалиев дар мавзӯи "Таҳкими истиқлолияти давлатӣ " баромад кард. Қайд гардид, ки зимни Паёми худ ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки: "Ҳифзи истиқлолияти давлати ва дастовардҳои он, ҳимояи амният ва манфиатҳои милливу давлатӣ, устувор гардонидани ваҳдати миллӣ ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа, инчунин таъмин намудани рушди иқтисоди кишвар ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар шароити торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар мебошад.