ЯК СОАТ ХОНИШИ СИЁСӢ, ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Ҳамадонӣ:  

Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва супориши протоколии Маҷлиси назоратии назди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро, ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа дар ташкилотҳои ибтидоӣ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб "Хонишҳои сиёсӣ" баргузор карда мешавад.

Чунин як чорабинӣ имрӯз бо иштироки Бахтзода Ҷомӣ, Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии £.2-и ноҳия, ки сарварии онро муаллимаи фарҳехтаву фарзона Ашурова Ҷамила бар дӯш доранд иттифоқ уфтод. Дар идораи муаллимон бо иштироки зиёда аз 50 омӯзгор атрофи мавзӯҳои "Терроризм, Экстремизм, Радикализм ва Сепаратизм ҳамзамон истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ" хониши сиёсӣ баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро сарвари муассиса Ашурова Ҷамила оғоз намуда, сипас устодон Вайсов Халифаев Назаррас ва намояндаи Ҳизб атрофи мавзӯҳои болозикр маърӯза намуда, барои боз ҳам бедор намудани ҳисси миллӣ дар замири толибилмон ва ҷалби онҳо ба озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз омӯзгорон даъват ба амал овард. 

Дар фарҷом Бахтзода Ҷомӣ барои пазироии самимӣ ва сарҷамъ намудани омӯзгорон аз номи роҳбарияти Ҳизб ба сарвари муассиса изҳори сипос намуд. Қайд гардид, ки минбаъд чунин хонишҳои сиёсӣ бо иштироки васеи толибилмон ва волидони онҳо ҳафтае як маротиба баргузор гардад. Гузашта аз ин Бахтзода Ҷомӣ қабл аз анҷоми ҷамъомад қайд намуд: Шукргузорам, ки бори дигар чеҳраҳои он устодоне, ки айёми талабагӣ ба мо дарс гуфтаанд такроран инҷо мебинам. Илоҳо умрашон дароз бодо устодони азиз.

 

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия Бахтзода Ҷомӣ