ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ ДАР ЗАМОНИ МУРАККАБИ ҶАҲОНИШАВӢ

Ҳамадонӣ: Андеша  

Арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои кишвар бояд аз ҳама гуна манфиатҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва гурӯҳӣ дар мадди аввал гузошта шавад. Пос ва ҳифз доштан ва донистани арзишҳои миллӣ дар замони мурракаби ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо барои мо ва бақои давлату миллати мо бисёр муҳим ва саривақтӣ мебошад. Ҷое хонда будам, ки "Дар низоми нави ҷаҳонӣ он давлатҳое ҳифз ва рушд менамоянд, ки аз тартибот ва анъанаҳои хоси давлатдорӣ бархӯрдоранд. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар раванди сиёсии ҷаҳони муосир аксарияти давлатҳои миллӣ барои устувории низоми давлатӣ ба арзишҳои миллии давлатдорӣ такя карда истодаанд.". Вобаста ба мавзуи пос ва ҳифз намудани арзишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ки 28 декабри соли 2023 ироа гардид, дар он ҳама ҷанбаҳои муҳими сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатамон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.Бояд зикр намуд, ки арзишҳои миллӣ дар давоми садсолаҳо ба зиндагии мо ворид шуда, чун меҳвари мутамаркази пешбаранда оини давлатдории тоҷиконро дар мушкилтарин лаҳзаҳои таърих бо сабру таҳаммул ҳусни тадбир талоши фарҳангӣ рисолати маънавӣ худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ пуштибонӣ намудаанд.

       Арзишҳои инсондӯстонаи миллию фарҳангии мо аз қабили дӯстию рафоқат, иззату эҳтироми волидайн ва калонсолон заҳматписандию накӯкорӣ, пуштибонӣ аз инсофу адолат, дастгирии ятимону мӯҳтоҷон, канораҷӯӣ аз ҳирсу ҳасад, кибру ғурур, кинаю адоват ба арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ ҳамоҳанг буда, ҳазорон чеҳраҳои намоёни илму фарҳанг ва фарзандони фарзонаи миллатро ба камол расондаанд.  Вазифа ва рисолати мо ҳизбиён пеш аз ҳама дар он аст, ки миёни ҷомеа ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ ва инсонӣ корҳои ташвиқотию тарғиботиро ҷоннок намуда, бад ин васила мардумро билхосса насли ҷавони ноогоҳро огоҳ, бедор, ҳушёр, ва зирак намудан мебошад, ки дар мо амалӣ гаштани ин рисолат бо одоби баланди ҳизбӣ ҳамвора аксияҳо, маҳфилҳои илмӣ-адабӣ ва фарҳангиро тибқи нақша - чорабиниҳо миёни ҷоме дар амал татбиқ намуда истодаем.  Ҷавоне, ки арзишҳо ва ормонҳои миллии худро медонад ва аз он меболад ҳеҷ гоҳ ба самти гумроҳӣ ва торикӣ намеравад. Медонад, ки кадом роҳ рӯшноӣ ва калом роҳ зулмат аст.

       

       Фирӯз Шарифов, Сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ