Диққат, диққат, диққат ! Ҳазар аз дуздони интернетӣ

Ҳамадонӣ: Вокуниш  

 Соли гузашта дар ҳамин шабу рӯз аксар дустонам ба ман занг заданду аз баъзан қалобон, дуздони интернетӣ шикоят карданд. Тайи чанд рӯзи ахир мушоҳида намудам инҳо боз дар шакли нав дар саҳифаи иҷтимоии фейсбук пайдо гардидаву таблиғу ташвиқи дуруғи худро боз ба роҳ монда истодаанд. Ваъдаи бештар кор кардани пулро дода, нафари ба доми худ ғалтондаро ғорат карда, дигар бо ӯ тамос намегиранд. Боз фиреби дигари ин дуздон дар он аст, ки одами фиребкардаро маҷбур месозанд то дастаи худро ташкил намояд. Ва би восита дигаронро низ дар доми фиреби хеш медароваранд. Аз системаҳое, ки онҳо истифода мебаранд, ягон нафар ворид он даромада натавониста, ба таври худ кор онҳоро худашон идора менамоянд. Тавре мушоҳида кардам ва аз саҳифаҳои иҷтимоии онҳо дидан намудам, онҳо нисбати худ, кишвари худ ва ҷои истиқомати хеш умуман маълумотҳо намегузоранд. Яъне дуздони бисёр ҳушёр. Пас ҳамватанони гиромӣ, дустони бисёрҳам азизу иззатманд дар саҳифаҳои интернетии худ бо эҳтиёт буда, хело зирак бошед то дар доми чунин дуздон наафтед.

Ҷовиди Зафар аъзои ҲХДТ ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии рӯзнома