ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БА ҶОМЕАИ ҶАҲОН

Ҳамадонӣ: Андеша  

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Охири асри 20 ва оғози асри 21 мудҳиштарин даврони зуҳуроти терроризм дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Террористон - ин тоифаи моҷароҷӯ, бераҳму золим, мутаассибони динӣ, тафриқаандозу миллатчӣ, худро “наҷотбахш” ва “ислоҳкор” эълон карда, сабабгори марги миллионҳо мардуми бегуноҳ гардидаанд. Корҳои даҳшатбор ва ҷиноятии террористон аз ҳисоб берун аст. Садҳо мактабу боғчаҳо, хонаву деҳ, марказҳои дилхушиву фароғатӣ, ки бештар кудакону наврасон вақт мегузаронанд мавриди ҳуҷумҳои ин ноодамон қарор гирифта, ҳазорҳо нафар ҷон бохтаанд.
Терроризм чунон зуҳуроти мудҳиш аст, ки ҳар инсони бегуноҳеро, ки ба он мансубият надорад, метавонад ҳадафи худ қарор диҳад. Ҳамаи мо шоҳидем, солҳои охир терроризм то ҳадде хуруҷ кард, ки боиси валангор гардидани ободтарин кишварҳо ва хонабардӯш шудани миллионҳо одамони бегуноҳ шуд. Мушкил дар он аст, ки терроризм ягон марз ва қонунро риоя намекунад ва ҳамеша нобаҳангом, аз ҷойе, ки касе интизор нест, бехабар ҳуҷум мекунад. Ягонгӯшаи дунё нест, ки дасти терроризм ба он нарасида бошад ва ин даҳшат моро бар он вомедорад, ки ҳамеша ба муқобили терроризм ва экстремизм садо баланд кунем ва дар мубориза бо он омодаву бо ҳам бошем.
Имрӯз терроризм ҷиддитарин мушкили ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ҳатто пешрафтатарин кишварҳои олам, аз ҷумла Амрикою Аврупо аз хатару зиёни терроризм эмин нестанд. Терроризми байналмилалӣ таҳдиди бузурге ба кишварҳои алоҳида ва дар маҷмуъ ба кулли инсоният дорад. Ҳамасола дар дунё садҳо амали терроризми байналмилалӣ амалӣ гашта, ҳазорон ҳазор инсонҳои бегуноҳ қурбони он мешаванд. Ин аст, ки ҳеҷ гоҳ як кишвар дар алоҳидагӣ наметавонад бо он мубориза барад ва кӯшиши якҷояи ҳама кишварҳо ва халқҳо лозим аст, ки ин офату балои аср пешгирӣ гардад ва барҳам дода шавад.Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба чунин мушкеле бетараф буда наметавонад. Бахусус, дар шароите, ки кишвари ҳаммарз ва ҳамфарҳанги мо – Афғонистон дар ҳоли муташанниҷу бесуботӣ қарор дорад, ҷомеаи Тоҷикистонро ин вазъият дучанд нигарон мекунад.Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба тавсеа ёфтани терроризм, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Яке аз мушкиле, ки ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, гаравидани ҷавонон ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо мебошад. Падару модарон, фаъолони ҷамъиятӣ, мактабу маориф, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори оммаро зарур аст, ки назоратро дар боби рафтору гуфтор ва таҳсили наврасону ҷавонон дучандон кунанд.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 майи соли 2021 дар мулоқот бо ҷавонони кишвар изҳор доштанд, ки «Ҳадафи мо аз тамоми тадбирҳои амалигардида ин аст, ки насли оянда, яъне фарзандони мо бесавод намонанд. Зеро яке аз сабабҳои асосии майл пайдо кардани одамон ба хурофот, ифротгароӣва радикализми динӣ маҳз бесаводист. Такроран таъкид менамоям, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон ғайр аз бадбахтӣ чизи дигаре дода наметавонад».Мавзӯи терроризм ва роҳҳои мубориза алайҳи он бояд мавриди андешаву омӯзиши ҳар яки мо бошад, зеро мову шумо ҳам узви ҳамин ҷомеа мебошем. Ин ҷараёни хатарзо ба худ хусусияти марзнописандӣ касб карда, кулли мардуми сайёраро водор мекунад, ки ҷиҳати пешгирӣ ва кам кардани зарари он амиқ андеша намоянд.