ТЕРРОРИЗМ - МУШКИЛОТИ АСОСИИ АСРИ XXI

Ҳамадонӣ: Андеша  

Аз нуқтаи назари инсоният охири асри ХХ ва ибтидои асри XXI шояд давраи пурғамтарин бошад. Чунки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуроти басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна тамоми давлатҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.Таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ таъсири манфии худро на ин ки ба як давлат ё минтақа, балки ба тамоми гӯшаву канори дунё мерасонанд. Мушкилоти асосии даҳсолаҳои охиринро таҳдидҳои навини олам ташкил медиҳанд. Ба қатори чунин таҳдидҳо‚ пеш аз ҳама‚ терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, қашшоқӣ, масоили экологӣ ва об, фурӯши ғайриқонунии одамон, касалиҳои сирояткунанда ва дигар масъалаҳо дохил мешаванд.Қайд кардан ба маврид аст, ки агарчӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри аз байн бурдани чунин хатару таҳдидҳо кӯшишҳо намуда истодааст, вале пурра аз байн бурдани чунин хатару таҳдидҳо ғайриимкон аст. Ба замми ин‚ таҳдидҳо дар ҷаҳон сол то сол афзоиш ёфта, амнияту оромии ҷаҳонро халалдор месозанд.Терроризм мафҳумест, ки даҳшат, тарс ва ҳамзамон ҳамдардӣ нисбат ба қурбониёнро ба вуҷуд меорад. Бо дидани наворҳои ҳамлаҳои террористӣ, ки тавассути ВАО ва дар шабакашои иҷтимоӣ паҳн мешаванд, моро эҳсосот фарогир мешавад. Хусусияти фарқкунандаи терроризм ин истифодаи зӯроварӣ нисбат ба душман не, балки мардуми осоишта мебошад, ки аксар вақт аз бархӯрди сиёсӣ бехабаранд.Терроризм, пеш аз ҳама, мушкили на як кишвар, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, зеро ҳамлаҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон рух медиҳад. Окибати он фалокатовар буда, сифатҳои бераҳмӣ ва ғайриинсонии он аз тамоми сарҳадҳо гузаштааст. Имрӯз ягон кишвари пешрафтае нест, ки сохторе мубориза бо терроризм надошта бошад. Мутаассифона, то ҳол аз байн бурдани ин падидаи нафратангез муяссар нашудааст. Дар натича бисёр одамон ҳалок мешаванд, бисёр оилаҳо зарар мебинанд, инчунин шаҳрҳо валангор мешаванд. Аммо аз байн бурдани терроризм кори хеле душвор аст ва дар ҳоле ки дар ҷаҳон ҷиноят вуҷуд дорад, ҳалли он амалан ғайриимкон мегардад. Зеро даромади асосии террористон фурӯши силоҳу маводи мухаддир дар бозори пинҳонӣ мебошад. Мушкилоти дигари муҳимми терроризм ҷалби наврасон ва ҷавонон ба ин фаъолият мебошад. Аз наврасӣ онҳоро барои иҷрои ин вазифаи даҳшатбор омода месозанд.Дар ҷаҳони муосир муборизаи шадид бо созмонҳои террористӣ барои маҳв намудани онҳо бо усулҳои зиёд идома доранд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки танҳо бо роҳи ҷанг бурдан натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд, зеро агар як гурӯҳи ифротиён нест карда шавад, дар ҷои он гурӯҳи ифротгароён дигар ташкил карда мешавад.Терроризм даҳшатноктарин зуҳуроти ифротгароӣ буда, аксариятро бетараф намегузорад. Мубориза бо терроризм вазифаи муҳимми ҳар як давлат аст.Ҳамлаи террористӣ чист? Амали террористӣ ҳама гуна амал аст, хоҳ таркиш, асир, сӯхтор ва ғайра. Муҳим он аст, ки он таъсири тарсонидани ҷомеа дорад, ба ҳаёти одамон хатар эҷод мекунад ва зарари молӣ ё ҷисмонӣ мерасонад. Бо ёрии тарс, онҳо метавонанд он одамонеро, ки ба таъсир дучор мешаванд, идора кунанд.

Вақтҳои охир дар тамоми ҷаҳон тадбирҳои бехатарӣпурзур карда шуданд. Ҳамкории байналмилалии кишварҳои узви ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мубориза бо терроризм ва таҳияи чораҳои пешгирии он ҳар чи бештар зарур аст. Барои муқовимати самараноки терроризм ва пешгирии амалҳои он зарур аст, ки сабабҳои аслии терроризмро ошкор, бодиққат таҳлил ва дарк намуд. Он ҳанӯз дар марҳилаи рушд қарор дорад, бинобар ин дар марҳилаи ҳозира чораҳои мубориза бар зидди он хеле муҳим аст. Кӯмакро дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо роҳҳои гуногун ифода кардан мумкин аст. Ба ҳодисаҳои дар гирду атроф рӯйдода бештар бояд диққат дод, ба ғаму андӯҳи дигарон бепарво набояд буд, ҳам ба осебдидагон ва ҳам ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кӯмак кардан зарур меояд.Ҳар кас бояд ақаллан коре кунад, ки ба беҳбудии ҷомеаи башарӣ мусоидат кунад. Терроризм дар моҳияти худ танҳо ҳадафҳои тактикиро пайгирӣ мекунад: бадном кардани ҳукумат, нишон додани беамалии он, коштани тарсу ваҳм ва ғайра.Бо ин мақсадҳо, мутаносибан, зарари аз ҳама бештар метавонад дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар ҷои серодамтарин ё “дарднок” барои ҳама гуна ҷомеа (беморхонаҳо, мактабҳо, калисоҳо, кӯдакистонҳо, метроҳо ва ғайра) расонида шавад.Имрӯз ҳар яки мо муваззаф ҳастем, ки сиёсати сулҳҷӯёнаю созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намуда, ҷавононро, пеш аз ҳама дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намоем ва Ватани маҳбубамон - Тоҷикистонро ба давлатӣ боз ҳам ободу зебову дилоротар табдил диҳем.