СУҲБАТУ ВОХУРИҲО БО ВОЛИДАЙНИ ХОНАНДАГОН ҶИҲАТИ ХАТАРИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ БА НАВРАСОНУ ҶАВОНОН

Ҳамадонӣ:  

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар доираи ҳафтаи ҲХДТ дар муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 - ҷамоати Қаҳрамон деҳаи Кирови ноҳия, ки сарварии онро муаллими гиром Ҷумахон Бароталиев бар душ доранд, санаи 08.12.2023. таҳти як ҷамъомад бо иштироки волидайн ҳамзамон дар якҷоягӣ бо хонандагон дар мавзуҳои доғи рӯзи ҷомеа: гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои мамнӯъ ва нодуруст истифода бурдани телефони мобилӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баргузор гардид, ки дар он Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ ва Мудири баъши кор бо ҷавонон ва варзиш Саидов Шамсиддин иштирок ва суханронӣ намуданд. 

        Дар кори маҷлис муовинони директор, роҳбарони синф, омӯзгорон , падару модарон ва хонандагони синфҳои болоӣ иштирок доштанд.

       Дар фарҷоми маҳфил намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ҷиҳати шароити мусоид барои сӯҳбат бо волидайни хонандагон аз роҳбарияти муассиса изҳори сипос намуда, баргузории чунин маҳфилу вохуриҳоро аз ҳар ҷиҳат муфид ва саривақтӣ хонда мувофиқа шуд, ки ҳафтае як маротиба чунин мулоқотҳои барои ҳарду ҷониб судманд баргузор гардад.

     

      Шӯъбаи иттилоот ва таблиғот