ОБОДКОРИҲО ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ҲАЁТИ НАВ"

Ҳамадонӣ:  

 Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ҳамзамон дар ташаббусҳои ҳизбӣ ду рӯз мешавад, ки ҳашари дастҷамъӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҳаёти нав" - и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5, ки сарварии онро устод Исмоилзода Собирҷон бар дӯш доранд, дар якҷоягӣ бо аҳли коллектив шинонидани қаламча аз навъи гули садбарг идома дошта, то ҳол 1500 бех шинониданд.  Чунин ободкориҳо дар дигар ҷамоату шаҳрак ва деҳоти ноҳия бомаром идома дорад. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҷиҳати бозтоби васеи он дар сомонаҳои иҷтимоӣ фаъолона ширкат меварзанд.

 

Шуъбаи иттилоот ва таблиғот