КИТОБ - КАЛИДИ ДОНИШ 

Ҳамадонӣ: Андеша  

Мусаллам аст, ки ҳар як халқу миллат маҳз, тавассути китоб тамоми мероси гаронбаҳои худро дар тӯли асрҳо омӯхтааст. Таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши хат ва забон мансуб аст. Баъди зуҳури хат одамони қадим имкон пайдо кардаанд, ки дар рӯйи санг, чӯб, сафол, барги дарахтон, устухонҳо, пӯсти хайвонот нақш офаранду нависанд. Бо мурури замон дар натиҷаи ихтирои қоғаз низоми нави китобдорӣ ҷорӣ гардид. Дар Аврупо низ китобчопкунӣ аз варақҳои яклухт, баъд ба пӯст ва ниҳоят ба қоғаз гузашт. Ҳамчунин, халқи тоҷик низ аз шумораи он халқҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва эътиқоди хоса дорад. Хушбахтона, санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз дар кишвари азизи мо мавқеи махсусеро доро мебошад:

Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,

Ёри бе заҳмату озор китоб аст, китоб.

Ҳамасола, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон сухан ронда, таъкид менамоянд, ки ҷавонони имрӯза бояд ҳамқадами замона бошанд, ба мутолиаи китоб машғул шаванд, чунки ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст.

“Агар имрӯз ҷавонон ба китобхонӣ рӯ наоранд, барои ҳунаромӯзӣ накӯшанд, наметавонанд дар оянда миллати тоҷикро давом диҳанд, чунки ҷавонон ояндаи миллатанд” – гуфтаанд Пешвои миллат.

Китоб ганҷинаи тафаккурҳост, маҳзани умеду орзуҳо, раҳнамо ба олами донишҳост. Китобхубтарин ва нодиртарин мӯъҷизаест, ки Худованд ба одамон ҳадя овардааст.Б еҳуда нест, ки Пешвои миллат гуфтаанд: “Китоб аст, ки таърихи кӯҳанбунёди мо, гнҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо илму дониши бостонӣ, хариду заковати халқҳо ва наслҳоро зинда медорад”Китоб воқеан ҳам дунёест, ки кас бо вориди он шудан аз бухлу кина дур шуда, бо хондани очерку ҳикояҳо, шеъру ғазал, дубайтиву рубоиёт ва ҳикояҳои бадеӣ қалбҳоро оромиш медиҳад. Китоб ҳамчун дӯсти бовафо, маслиҳатгари беминнат, ҳамдаму ҳамсуҳбати мувофиқи инсон аст. Ин аст, ки китобхонӣ чун ҷузъи муҳим дар ҳаёт ва таълиму тарбияи насли наврас саҳм мегузорад. Агар наврасону ҷавонон бештар рӯ ба китобхонӣ ниҳода, онро аз дилу ҷон дӯст доранд, дар ҳаёт бо хислати наку, одобу ахлоқ, ватандӯсту ободгар соҳибэҳтироми мардум хоҳанд гашт.Ҳамагон шоҳиди ҳолҳастем, ки имрӯз робитаи кӯдакон, наврасону ҷавонон, мутахассисон, омӯзгорону олимон ба китобхонаҳо қавитар шуда истодааст. Барои ба китобхониву китобхона ҷалб намудани хонандагон ва ба роҳ мондани тарғиби адабиёт дар байни онҳо, қабл аз ҳама, зарур аст, ки хусусиятҳои хосси синну солӣва вижагиҳои майлу рағбати ҳар як гурӯҳи хонандагон мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил гардидан ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳимми оммавӣдар китобхона, аз қабили вохӯриҳо бо шоирону нависандагон ва мутахассисони собиқадори касбу соҳаҳои гуногун, семинару махфилҳои илмӣ, конфронсу нишастҳои шавқовар, таҳияи рӯйхати адабиёти тозанашр нашрияҳои ниёзи хониш, лавҳаҳои ҷашну санаҳои муҳимми таърихии кишвар ва ғайра, ба мақсад мувофиқмебошанд.

Асоси хираду заковат, ганҷинаи фарҳангу нуру зиё, тарғибгари шодиву ободӣ, ҳаёти хурраму пурнишот китоб аст. Бузургон гуфтаанд, ки «Хонаи бе китоб мисли рӯзи бе офтоб аст».

Чи қадар бузург аст мафҳум ва муҳаббати китоб. Ба монанди китоб дар ҷаҳон чизе ҳамрадифе шуда наметавонад. Бузурге гуфтааст, аз се чизе ки номи инсонро дар ҷаҳон асрҳо пойдор хоҳад гузошт ин якеаш китоб мебошад. ...

Мо ҳамагон медонем, ки китоб барои мо дӯсти бовафо, маслиҳатгари беминнат, рафиқи беғараз, ҳамдаму ҳамсуҳбати беназир ва ниҳоят сарвати бебаҳост. Шахсе, ки китоб мехонад, сатҳи донишаш баланд гардида, нутқи шифоҳиаш бурою тоза мешавад. Чи тавре, ки бе калид ба хонаи дарбастае ворид шудан мумкин нест, бе китоб ҳам ба боғи илму маърифат дохил натавон шуд. Беҳуда нест, ки гузаштагони мо китобро чун нон муқаддастарин ва азиз медонистанд. Онҳо китобро ҳамеша эҳтиром ва эҳтиёт мекарданд. Касе, ки китоб намехонад, вай хушбахт шуда наметавонад. Китоб чун дору инсонро аз нохушиҳо мераҳонад.

Китоб ганҷи бебаҳо, махзани илму дониш, панду ҳикмат ва роҳнамову ҳамнишини беҳтарин аст. Ҳар нафаре, ки китобхониро пеша мекунад, аз ӯ дар оянда ҳатман шахси некному фарҳангдӯст ва бомаданият ба воя мерасад. Тавассути китоб мо таърихи гузашта, ҳаёти имрӯза ва ояндаи дурахшони халқу миллати худро меомӯзем. Маҳз китоб аст, ки ба мо расму оин ва анъаноти неки миллиамонро бозгӯкарда, имкон медиҳад, ки сатҳи дониши худро пайваста мукаммал гардонем.

Китоб падидаест, ки тавассути он инсон аз бадахлоқӣ, муҳтоҷӣ, ғаму дард озод мегардад. Ҳамаи бузургони олам, амсоли Арасту, Хайём, Сино, Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ маҳз тавассути мутолиаи китоб ба мақомҳои баландтарин расидаанд.

Шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ дар қарни XIV роҷеъ ба ҷойгоҳи китоб фармуда буданд:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ

Сад роҳате асту ҳаргиз озоре нест.

Оре, китоб шамъи дили инсон аст. Шахсе, ки китобро мутолиа мекунад, хеҷ вақт дар торикиву ҷаҳолати танги зиндагӣноумед намешавад, чунки маҳз панду андарзҳои китобро роҳнамои худ дар зиндагӣмегардонад.

Ба андешаи банда, китоб барои инсон сарчашмаи илму дониш ва ғизои маънавист, пас дӯст доштан ва эҳтиром намудани китоб барои ҳар фард воҷиб аст, зеро тоҷикон аз азал мардуми соҳибкитобу соҳибмаърифат ва фарҳангдӯстанд. Мероси бузургу бебаҳои бадеиву таърихӣ, ки сарчашмаи беҳамтои маънавиёти миллат мебошад, гувоҳи ин андешаҳост.

Бе китоб, эй дӯстон, бунёди мо норавшан аст,

Тираву торик ҳамчун хонаи беравзан аст!

Аз ин рӯ, дар хонаи ҳар фард будани ҷевон ва рафи китоб зарур аст. Зеро хонаи бе китоб сард буда, зиндагӣ маъно надорад. Бе китоб илму маърифат ҳосил нахоҳад шуд, бе илму адаб мансабу давлат чизе нест, табиати инсон ниёз ба дороии маънавӣ-ба китоб дорад. Яъне ҳар оилаи бофарҳанг бояд китобхонаи худро дошта бошад. Ва дар он китобҳои дарсиву таълимӣ, асарҳои классикони милливу ҷаҳонӣ, адабиёти бадеӣ, маълумотномаҳову луғатҳои марбут ба ихтисосашонро гирд оваранд. Китоб хазинаи илму маърифат, панду ҳикмат, дӯсти холис ва бетамаъ, ғамбарору ғамгусор ва ҳамнишину ҳамсуҳбати инсон аст.Китоб дарёи ҳикмат буда, маҷрои он моро ба роҳи хирад, маърифат, одобу фазилатҳои неку ҳамидаи инсонӣ ҳидоят мекунад. Бе китоб донистани таърихи башарият имкон надорад. Чун китоб сабаби асосии ҳосил намудани илму дониш ва ғизои маънавист, пас дӯст доштан ва арҷ гузоштан нисбат ба китоб амрест муқаддас. Шахси китобхону китобдӯст ба монанди садаф, ҷавоҳирот, офтоб ҷилобахшу нурафшон аст. Мутолиаи китоб на танҳо бодиққат будан, балки фаъолиятмандиро тақозо мекунад, омили мустаҳкам намудани хотира гардида, аз сӯйи дигар, барои ғанӣ намудани маънавиёт, сайқал ёфтани зеҳну қобилият ва ташаккули заминаи эҷодиёти илмӣ мусоидат менамояд.Набояд фаромӯш сохт, ки китобхониву китобдӯстӣ инсонро ҳатман ба қуллаи мурод мерасонад. Китоб аз нодиртарин ва марғубтарин бозёфтҳои иҷтимоии башарият маҳсуб меёбад ва онро бояд азизу муқаддас дониста, чун гавҳараки чашм ҳифз созем. Аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани Рӯзи китоб дар Тоҷикистон пайкест аз сиёсати фарҳангдӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан арҷ гузоштан ба китобу китобдорӣ ва ба китобхонӣ ҳидоят намудани аҳли ҷомеа, хусусан наврасону ҷавонон.

Албатта, шахсе, ки китоб мехонад, сатҳи донишаш баланд гардида, нутқи шифоҳиаш буррою тоза мешавад. Тавре ки бе калид ба хонаи дарбастае ворид шудан мумкин нест, бе китоб низ ба боғи илму маърифат дохил натавон шуд.

Китоб ганҷи бебаҳо, махзани илму дониш, панду ҳикмат ва роҳнамову ҳамнишини беҳтарини инсон аст. Ҳар як фарде, ки китобхониро пеша мекунад, аз ӯ дар оянда ҳатман шахси некному фарҳангдӯст ва бомаданият ба воя мерасад. Маҳз китоб аст, ки ба мо расму оин ва анъаноти неки миллиамонро бозгӯ карда, имкон медиҳад, ки сатҳи дониши худро пайваста мукаммал гардонем.Хушбахтона имрӯзҳо бо боварии комил метавон гуфт, ки робитаи, наврасону ҷавонон, мутахассисон, омӯзгорону олимон ба китобхонаҳо маҳкамтару қавитар шуда истодааст. Барои ба китобхониву китобхона ҷалб намудани донишҷӯён ва ба роҳ мондани тарғиби адабиёт дар байни онҳо, қабл аз ҳама, зарур аст, ки хусусиятҳои хосси синну солӣва вижагиҳои майлу рағбати ҳар як гурӯҳи хонандагон мавриди омӯзиш қарор дода шавад.Имрӯзҳо дар саросари кишвар зимни сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷиҳати баланд бардоштани маърифати мардум, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ, бедор намудани ҳисси худогоҳию хештаншиносӣ дар вуҷуди онҳо, дарёфти истеъдодҳои наву тоза, ба роҳмонда шудааст.

Нафаре, ки пайваста ба мутолиаи китоб машғул аст, мисоли дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳояш ҳар лаҳза ба дигарон неруву тавон мебахшад. Мутолиаи китоб ва ё асарҳои бадеӣдар ҳаёту фаъолияти инсон ҷойи асосиро ишғол менамояд. Китоб нутқи инсонро рушд бахшида, барои сухандонию суханварӣ, дарки муҳити атроф ва зуҳуроти табиати олам хизмати босазо мекунад. Мутолиаи китоб ба инсон ҳаёти хушбахтонаро талқин мекунад, меҳру муҳаббатро ба атрофиён зиёд мегардонад, аз бадиву дурӯғ ва хиёнат нигоҳ дошта, дӯст доштани аҳли башар, меҳрубонӣва раҳмдилиро тарғиб менамояд.

Китоб ба ҳайси маслиҳатгари беминнат ва беҳтарин ёвар қодир аст, ки ба инсон зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро омӯзонад.

Биёед китоб хонем, зеро он сароғози тамоми сарватҳои маънавии инсоният аст.

 

Умаров Иқболшо,

мудири шуъбаи китобхонаи илмии ДМТ