РУҲАТ ШОД БОД УСТОД РАҶАБ МАРДОН

Ҳамадонӣ: Вокуниш  

Даргузашти яке аз абармардони журналистикаи тоҷик, публитсист ва адиби шинохта Раҷаб Мардон ҳафтаи гузашта талафоти сангине барои журналистика ва адабиёти кишвар буд. Дар воқеъ, корномаи эҷодии ин публитсисти машҳур, ки аз “Пионери Тоҷикистон” оѓоз гардида, сипас дар Телевизиони Тоҷикистон ва бонуфузтарин рўзномаҳои ҷумҳурӣ – “Маориф ва маданият” ва “Тоҷикистони советӣ” идома ёфтааст, сазовори пажўҳиши муҳаќќиќони соҳа мебошад. Публитсисити машхур Эрнст Генри дар китоби “Заметки публициста” менависад, ки ду суҳбате доштааст, яке бо пирони кор ва дигарӣ бо ҷавононе, ки журналистикаро интихоб кардаанд ва дар онҳо ќоидаҳои тиллоии публитсист буданро ташреҳ додааст.Дар мулоқоте, ки шодравон Раҷаб Мардон бо донишҷўёни ихтисоси рўзноманигорӣ ва рўзноманигорони ҷавони кишвар дар заминаи лоиҳаи якҷояи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Академияи ВАО таҳти унвони “Мактаби таҷрибаҳо” 10 декабри соли 2020 доштанд, бист мулоҳизаи ин собиқадори соҳа барои журналистони ҷавон ироа гардид, ки бешак беҳтарин дастуранд барои ҳамаи онҳое, ки ба пайроҳаи эҷод қадам мениҳанд:

1. Ҳамин роҳе, ки шумо пеш гирифтеду чанд қадам мондед, як роҳи пуршарафе ҳаст, ки покӣ мехоҳад. Дили пок, нияти пок, фикри пок ва роҳи рост. Кадом журналисте, ки дар ҳамин роҳ аст, ӯ файзу баракат меёбад.

2. Барои журналисти муваффақ шудан таҳсил дар донишгоҳ кофӣ нест. Зеро донишгоҳ ба шахс танҳо роҳ нишон медиҳад. Бинобар ин бояд оид ба соҳаҳои гуногун дониш омўхт ва савияи ҷаҳонбиниро васеъ кард. Боқӣ аз кўшишу ѓайрат ва садоқати худи шахс ба ҷодаи пешгирифтааш вобаста аст. 

3. Шумо намаки суханед, намак! Намак бояд вайрон нашавад. Агар гўшт ганда шавад, намакаш мезананд, соз мешавад. Лекин агар намак вайрон шавад, вайро ислоҳ карда намешавад. Шинед, як фикр кунед ва нависед, барои матбуот не, барои худатон. Як дафтари сиёҳнавис гиред, агар ҳамин рӯз як идея дар сарат бошад, ҳамонро илоҷе ёфта ҳамон шаб навис. Як варақ менависӣ, як ҷумла менависӣ, ду ҷумла менависӣ, ин пешравӣ ва инкишофи эҷодӣ аст.

4. Навиштан, навиштан ва боз ҳам навиштан шуморо ба куи мурод мебарад. Ба меҳнат, ба хондан, ба навиштан дил бандед. Бояд дар ҳаёти шумо рӯзе набошад, ки як варақ сиёҳ накарда бошед. Бигузор рӯз натавонистед, шаб як соатак дер хоб кунед ва ҳамон рӯзтона ҷамбаст кунед. ҳамон рӯз як шухӣ шунидӣ, як чизи дилнишин дидӣ, як чизи ғамангез шунидӣ, ҳамаашро қайд кун.  

5. Барои шумо аз ҳама муҳим пайдо кардани идея аст. Мақолае, ки идея надорад, навишта нашавад, беҳтар аст.

6. Бисёр хондан даркор, Китобхонаи Миллиро бисёр дуст доштан даркор. Мо дар замони худ китобхонаи Фирдавсӣ доштем ва ман рафта ин хел шароитҳое, ки дар Китобхонаи Миллӣ дидам, дар мо набуд. Ҳамин номи китоба менавиштему медодем ба китобдор, як соат мекофт. меёфт ё ин ки намеёфт. мунтазир мешудем. Дастгоҳ барои сабт набуд. Ҳозир дар телефон ҳама чиро сабт мекунӣ.

7. Чашми журналист аз шуои рентген ҳам тезбинтар бояд бошад. Мушоҳидакор бошед, бо далел фақат сухан гуед. Ҳар далеле, ки мегиред, ҳамааша истифода накунед, асосии асосиша истифода кунед ва баъзеи дигарша барои мақолаи дуюму сеюматон ҳам монед.

8. Аз фаъолияти пирҳои кор истифода баред. Нависанда барои тақвияти эҷодии худ роман мехонад, повест мехонад, журналист бошад бо образ сару кор дорад. Ў бояд як образи хотирмон биофарад. Журналист дар тамоми соҳа фаъолият мекунад ва ӯ бояд аз ҳамаи илмҳо бохабар бошад. Каму беш духтуриро дарк кунад, оид ба физикаи атомӣ тасаввурот дошта бошад, ҳатто аз математика бояд тасаввурот дошта бошад, ки ҳамин математико чӣ гуна одаманд. Аслан агар бинигарӣ, одамони заминӣ нестанд. Агар Худо хоҳад ба наздикӣ очерки маро дар бораи академик Камол Бойматов чоп мекунанд. Шукр кардан даркор аст, ки аз тоҷикҳо ҳамин хел олимҳо дорем. Барои инро навиштан ман як 60-то китоб хондам. аз ҳаёти математикҳо, баъд дидам. ки инҳо аз шоирҳо мегузаронанд, инҳо фазоро ҳисоб мекунанд. Масалан, Нютон баъди тадқиқи ҷозибаи замин, дигар чизе нанавишт. ӯ модарашро бисёр дўст медошт, баъди он ки модараш аз дунё гузашт. 30 сол умр дид ё ин ки 40 сол, дигар чизе нанавишт. Баъд аз вафоташ 5000 саҳифа ё ин ки 7000 саҳифаи навиштаашро ёфтанд,ки ҳамааш дар бораи фазо аст.

9. Дониш силоҳи асосии журналист аст. Дониш зиреҳ аст ва сипар аст барои одам, баъди ҷон дониш аст ва ҳамон ҷоне дар осоиш ҳаст, ки дониш дорад, меҳнат мекунию меҳнатат як натиҷа медиҳад ва татбиқ мехоҳад.

10. Шумо вақте, ки дониш доред. либоси одии куҳна ҳам дошта бошед, мартабаи шуморо мебардорад ва мисли ситора медурахшед. Лекин вақте, ки худатро ситора мепиндорию дониш надорӣ, бисёр дар назари мардум хираӣ ва нодаркорӣ. 

11. Ба қадри ҳамсабақони худ расед. Якдилона зиндагӣ кунед. Мо дар курсамон намефаҳмидем, кӣ аз Конибодом аст ва кӣ аз Кўлоб. Танҳо номашро медонистем ва якдигарро самимона дўст медоштем. Мо 10-ум курси хатмкунандаи ҳамин факултет ҳастем ва худи муаллимон мегуфтанд, ки курси нотакрор будем. Аз ҳамин курс Бозор Собир, Қулматов, Асадулло Саъдуллоев, Мирзоҳаёт Давлатов, Эргаш Шоев, Мазҳабшо Муҳабатшоев баромадаанд, ки инҳо нимаш олим шуд, нимаш журналист ва ними дигар шоир ба монанди Бозор Собир, Бурҳон Ғанӣ ва дигарон.

12. Беҳтарин қаҳрамонӣ ин гузашт кардан аст. Хоҳиши марди 80-сола аз шумо ин аст, ки ҳамдигарро дастгирӣ кунед, ғамшарик бошед, шодишарик бошед ва ба якдигар кумак кунед!

13. Агар барномаи омоданамудаатон ҷолиб нест, айби журналист аст, чунки маводро шахсе омода намудааст, ки фарҳангу дониши касбиаш суст аст. 

14. Барои журналисти барҷаста шудан бояд бисёр омўхт. Журналист ин замбури асал аст, дар ҳар гул мешинад, на ин ки дар як гул. Боз ҳам таъкид мекунам, ки асосаш мутолиа аст. Назари ман ин аст, ки ин таъсири замон аст. Журналистони давраи пеш фурсати омӯхтан кам доштанд ва ҳозир замони шуморо нигоҳ кунем, имконот ва шароит беҳтар асту зиёдтар. Умед дорам, ки журналистика ба сатҳи баланд мебарояд. Чунин нишастҳо барои ҳамин аст, ки аз ҳамин тангии имрӯза бароем ва маводҳое нависем, ки давлат бояд фикр кунад.

15. Сабк муҳим нест, услуб муҳим нест, муҳим он аст ки чӣ менависӣ ва дар тамоми давраи инсонӣ ҳамин мемонад. Услубҳо тағйир меёбад, ҷомеаҳо тағйир меёбанд, давлатҳо тағйир меёбанд, лекин ин тағйир намеёбад. Умуман гапе гуфтан даркор аст, ки обшуста набошад ва сухане гуфтан даркор аст, ки каси дигар нагуфта бошад. Ман мувафақиятро дар ин мебинам ва дар ин сурат шумо сабки худро пайдо мекунед ва ҳама ошиқи сабки эҷодии шумо мешавад.

16. Интернет айни замон ҷаҳонро пахш кардааст, лекин варианти беҳтар нест. Маводҳои нолозимаш аз маводҳои лозимиаш бештар аст. Мо дар он сурат фоида мебардорем, ки онро омӯзем. Мо интернетро аз байн бурда наметавонем ва оянда шояд дар ҷои интернет боз чизе пайдо мешавад, ки аз ин дида хубтару беҳтар аст, чунки ҷамъият, одамҳо низ дигар мешаванд. Аммо ин ҳама аз омӯхтан вобастагӣ дорад ва мусалаҳ будан ба фарҳанг. Ҳамеша омӯзед, омӯзед, боз омӯзед! Форобӣ – олиме, ки тамоми дунё эътирофаш мекунад, аз хонаи худаш вазни заминро ҳисоб кард дар асоси донишу ақле, ки гирифта буд. Баъд қарибии вафоташ нафаре ба наздаш омад, барои алвидоъ. Форобӣ мепурсад, ки ҳо ана ҳамон масъаларо ман нафаҳмидам, ҳамонро ба ман фаҳмонед. Он нафар мегўяд, ки охир ту инро фаҳмида, чӣ кор мекунӣ, аз умрат шояд дақиқае мондааст, сония мондааст, мефаҳмӣ инро куҷо мебарӣ? Форобӣ мегўяд: аз оне, ки намедонаму мемирам, дониста бимирам, ин хубтар нест!

17. Ба хондан, ба илм, ба навиштан садоқат пайдо кунед. Он вақт шумо дар ҷамъият ҳам сарбаланд ҳастед ва дар назди давлат ҳам эътибор доред ва одаме ҳастед, ки метавонед ҷомеъаро ба пеш баред. Агар аз ҳозир наомӯзед, ҳамчун як одами миёнае, ки танҳо зиндагӣ мекунеду меравед аз дунё ва ному нишонатон намемонад, боқӣ мемонед. Чӣ гунае, ки дарахт аз замини хуб мебарояд, ҳамин ному нишон ҳам аз одами хуб мебарояд.

18. Ҳозир мақолаҳои танқидӣ умуман дида намешавад. Танҳо як ё ин ки ду то ёфтан мумкин аст. Чунки журналисте, ки ҳамин соҳаро аз ҷиҳати илмию иқтисодӣ бубинад, ман намебинам. Хело кам дар “Ҷумҳурият” ва “Садои мардум” ба мисли ҳамон ситораи парон гоҳ - ногоҳ пайдо мешавад, лекин хело кам. Шумо бояд танқиде кунед, ки натиҷа диҳад, Журналист аз таги нохун чирк намекобад, журналист мушкилии ҷомеаро расонаӣ мекунад.

19. Журналист бояд манбаъҳоро ҷиддӣ омузад. Як манбаи муҳиме ҳаст, ки ин паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар мебошанд. Онҳоро бояд сатхӣ не, чуқур омўхт. Зеро дар ин паёмҳо тамоми масъалаҳо баррасӣ шудаанд ва ба шумо барои таҳияи маводи таҳлилӣ ёрӣ медиҳад. 

20. Шумо ба шоҳроҳе қадам ниҳодаед, ки як роҳи муқаддас аст. Роҳе, ки заҳмати бисёр мехоҳад. Заҳмати кашидаатон шуморо ҳамчун эҷодкори асил муаррифӣ мекунад. 

Муборакатон бошад ин роҳ!

 

                  Ёди устоди арҷманд Раҷаби Мардон гиромӣ бод!!!

Аз саҳифаи Зинатуллох Исмоилзода