ПИРАЗАНЕ РӮЙИ МАЗОРИ АҲМАД ЗОҲИР ГУЛ МЕГУЗОШТ

Ҳамадонӣ: Андеша  

Вақте Аҳмад Зоҳир мефавтад, рӯйи мазори ӯ дар баробари ҷавонон як зани солманде ҳам мудом гул мегузорад. Аз ӯ пурсиданд, модар, Аҳмад Зоҳир асосан писанди ҷавонон буд, солмандон ӯро камтар мухлиси мекарданд. Модар ба сукут рафт ва гуфт: «Ман ҳамаи сурудҳои Аҳмадљонро бо оҳангашон азёд медонам.» Аз ӯ имтиҳон гирифтанд, рост мегӯяд. Он зан қиссаеро гуфта дод, ки бори дигар аз оини ҷавонмардии ин ҳунарманди зиндаёд шаҳодат медиҳад. Қиссаро чунин баён мекунад:

Писарам бемори саратони хун шуд.Табибон гуфтанд, тақрибан чиҳил ҳазор доллар лозим, ки ин бемор дар хориҷи кишвар табобат ёбад. 

Умедамро аз зинда мондани ягона писарам кандам, чун ман сад доларро ба даст нагирифта будам, куҷо расад ба чиҳил ҳазор. 

Гирён аз беморхона баромадам, рубарӯ як ҷавони хеле симои зебо дошта баромад, ки ҳамсарашро ба беморхона оварда буд. Чашмони гирёни ман ва писарамро дида ҳол пурсид. Моҷароро гуфта додам. 

«Ҳеҷ гап не, модарҷон, суроѓаатонро бо номи писаратон навишта кунед, ман ба қариби ба хориҷа меравам, писаратонро бурда бо изни Худо табобат мекунам.» 

Ман суроѓаамро додам, аммо ҳич бовар надоштам, ки меояд. Ӯ омад, баъди ду ҳафта. 

Баъди чанд муддат вақте ба ман хабар доданд, ки писарат бо он ҷавон фардо бо тайёра меояд, ман тамоми шабро дар фурӯдгоҳ интизори кашидам. Саҳар дари тайёра кушода шуду писарамро хеле бо обу тоб ва мисли солҳои сиҳатиаш дида аз шоди дод зада ӯро ба оѓӯш кашидам. Писарам сиҳат шуда буд.

Сипас сари он ҷавони хандонро ҳам ба канор гирифта гуфтам: «Писарам, фардо рӯзи қиёмат мехоҳам пеш аз ин писарам аз хок сар кашиву туро ба оѓӯш гирам. Ӯ Аҳмадҷон Зоҳир, бузургписари ман буд. Баъди як соли вафоти ӯ ман бармаҳал пиразан шудам, набошад ҳамсоли модари ӯям. Акнун ҳар саҳар писарам гулҳои тару тоза ба хона меорад ва ман онҳоро бурда рӯйи қабраш мениҳам, дуо мекунам ва худамро ба ин таскин медиҳам, шуѓли дигар надорам.»

                            А. Иброҳим

Ба гумонам ин қиссаро аз донишманди бузурги миллат Акбари Турсон соли 1993 шунида будам. Он вақт ба наздаш нусхаи қадимаи «Шоҳнома»-амро (асрҳои 12-13) бурда будам, то солашро муайян кунанд.