АЗ ИДОМАИ УСУЛИ "ХОНА БА ХОНА" ҶИҲАТИ САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМУДАНИ ЗАМИН ДАР ДИГАР КӮЧАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИИ МОСКВА

Ҳамадонӣ:  

Сокинони ҷамоати шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Ҳамадонӣ, он ҳама дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ҷиҳати оқилонаю самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини кишоварзӣ сармашқи кори худ қарор дода, заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда аз як қитъаи замин ҳосили хуб ба даст меоранд. Зимни сӯҳбати масъул ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияиҲамадонӣ, муҳтарам муҳтарам Бахтзода Ҷомӣ бо сокинон маълум гардид, ки имсол дар заминҳои наздиҳавлиги пиёз, картошка, ва дигар полезиҳо кишт карда шудааст.Сокинон кушиш менамоянд, ки замини дар ихтиёр доштаашонро самаранок истифода бурда, дар кишти такрорӣ сабзӣ дигар сабзавотҳои тирамоҳро кишт намоянд.

 

Бахтзода Ҷомӣ мудири Шӯъбаи иттилоот ва таблиғот