КОНСТИТУТСИЯ - ШАҲКИТОБИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Ҳамадонӣ: Андеша  

Тавре, ки ба мову шумо маълум аст, ҳар сол дар сартосари ҷумҳурӣ 6-уми ноябро ҳамчун рӯзи Конститутсия бо эҳтиром ва шаҳомати хос таҷлил намуда, ҳар як Тоҷикистонӣ аз ин рӯз бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар даромадгоҳҳои идора ва корхонаҳо дар лавҳа шиор навишта насб менамоянд. Ин аст, ки ҳамасола, Рӯзи Конститутсияро бо сарварии Асосгузори вахдати Милли, Пешвои Миллат, Президенти азизамон Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи Тоҷикистон бо фараҳу шодӣ ва дастовардҳои шоёни меҳнатӣ пешвоз мегиранд. Вобаста ба ин сана ва Рӯзи муқаддас дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ дар як қатор ташкилотҳои ибтидоӣ маҳфилҳои адабӣ-фарҳангӣ, хониши сиёсӣ соати сиёсӣ ва силсила мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди Футбол, Волейбол ва гуштин баргузор гардид, ки суратгузориш аз рафти ҳар як маҳфилу мусобиқаи болозикр дар сомонаи ҳизбии вилояти сомонаи иҷтимоии Фейсбук нашр ва баҳри рушди ҳаёти солим таблиғу ташвиқ карда шуд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайгири ташаббусҳои созанда буда, баҳри бедорӣ ва огоҳии миллат ҳамвора талош менамояд. Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!!!

 

 

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ