ОБОДОНӢ_МАРОМИ_ _ҲАМЕШАГИИ_МОСТ

Ҳамадонӣ:  


      Барои хурду бузурги сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сухани "Ободонӣ мароми мост" барои шиор нест, балки ҳадафи аслии ҳар шаҳрванди ноҳия ободӣ, тозагӣ ва зебоӣ мебошад. Вобаста ба ин пайваста бо эҳтимоми  ташкилоти ибтитодии ҳизбии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" и ноҳия ҳашари дастҷамъӣ дар кӯчаҳои марказиии ҷамоати шаҳраки Москва ноҳия ҷиҳати тоза намудани партовҳо ва хасу хошоке, ки ҳангоми ҳашарҳои дастҷамъӣ ба лаби роҳ барлварда мешаванд доир мегардад. Ба ҳамагон маълум аст, ки тозагӣ озодагии муҳит аз ҳар ҷиҳат афзал мебошад. Дар баробари ин ҳашари гулшинонӣ низ сурат мегирад, ки ҳадаф аз  шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф пеш аз ҳама баҳри ободу зебо гардонидани ноҳия ва беҳтар шудани вазъи экологӣ  мебошад.

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ