МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНИ ҶАМАОТИ ДЕҲОТИ ҚАҲРАМОН

Ҳамадонӣ:  

Имрӯз дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақам 12 бо иштироки муовини раиси ноҳия Д.Муҳуддинзода, муовини сардори ШВКД-и ноҳия бо раисони маҳаллаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди Ҷамоат ва фаъолон мулоқоти судманд баргузор шуд. Дар мулоқот оид ба такрор ба такрор ба зиёрати ҳаҷҷи умра рафтани иддае аз шаҳрвандон ва зоҳирпарастию худнамоӣ сухан рафта, зикр шуд, ки баъзан нафарон ду бору се бор ба ҳаҷҷи умра мераванд. Зимни баёни ин нукта, баромадкунандагон зикр карданд, ки ҷойи ин ҳама исрофкорӣ маблағи мазкурро баҳри ояндаи фарзандонамон метавон сарф намуд ё дар корҳои ободонии маҳали зисти худ кӯмак кард. Бояд қайд намуд, ки нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ, амнияту оромӣ, истиқлолияти комили кишвар вазифаи ҷонию имонии ҳар як шаҳрванд маҳсуб ёфта, бояд баҳри пойдории он заҳмату талоши бештар намоем. Зеро давлатҳои ҷаҳон дар ҳоли нобудшавӣ қарор дошта, ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, гурӯҳҳои тундрав ба мафкураи ҷомеи шаҳрвандӣ таъсири манфӣ расонда истодааст. Қайд гардид, ки дар мулоқоти роҳбари давлат низ масъалаи терроризму ифротгарой сахт таъкид гардида, Пешвои миллат зимни ҳар мулоқоти хеш ҷавононро аз ин затари ҷаҳонӣ ҳушдор медиҳад. Таъкид шуд, ки дуруст тарбия намудани фарзандон ва назорат аз болои онҳо вазифаи ҷонию имонии ҳар як падару модар буда, барои ҳифзи истиқлолиятӣ давлатӣ ва суботу оромии мамлакат онҳо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. То рафт шиддат гирифтани гурӯҳҳои ифротӣ, ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш оварда, ба истиқлолияту амнияти баъзан кишварҳо таҳдид намуда истодаанд. Мо низ чанде қабл, аниқтараш солҳои 1991-1993 дар кишвари худ ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронида, ба иқтисодиёти кишвар зарбаи сахт расонидем. Имрӯз бояд мо ба қадри заҳмату талошҳои пайвастаи сарвари давлати худ бирасем. Ва Истиқлолияти комили кишварро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

 

Ҷ. Қувватзода