БА ВАСВАСА ВА ТАФРИҚАНДОЗИИ БАДХОҲОН ВА АЙБҶӮЁНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ДОДА НАШАВЕД.

Ҳамадонӣ: Вокуниш  

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ андар боби илм бисёр зебо фармудааст.

 

Моле, ки зи ту кас наситонад илм аст, 

Он чиз, ки туро зи ғам раҳонад илм аст. 

Ҷуз илм талаб макун, ту андар олам, 

Он чиз, ки туро ба ҳақ расонад илм аст.

         Бо умеду орзуи он, ки тамоми ҷавонони ин миллат ба илм бештар ру оранд то миллат босавод шавад ин мисраҳои волои Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро дар оғози андешаҳоям барои бедории ҷавонони ноогоҳ ва камогоҳ меорам.

        Ман ба тамоми ҷавонони миллат муроҷиат карда, таъкид мекунам, ки аз васвасаҳои баъзе шайтонҳои раҷиме, ки дар шиносномаашон муҳри хиёнат кайҳо зада шудааст ва аз хориҷ истода аз тариқи сомонаҳои иҷтимоии бедару дарвоза ва беназорат ҷониби Тоҷикистон ва амнияти комили он санг мепартоянд, дода нашавед. 

      Мусаллам аст ки имрӯз авзои замон хуб набуда дар зиёда аз 50 кишвари дунё ҷангҳои мухталиф ҷараён дорад. Дар ягон давру даврон ва ягон давлат ҷанг, инқилоб фоида наовардааст ва наморад. Инқилобро фақат ҷоҳилон мағзшӯишудагон бо супориши хоҷагони хориҷӣ шурӯъ мекунанд, ки оқибаташ ба ҷуз талафот ва харобӣ дигар самар намеорад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона нафарест, ки тавонист бо бо суханаш бо ҷасораташ бо хиради азалияш тавонист сулҳро дар Тоҷикистони ҷангзада Тоҷикистоне, ки дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ дуруст намешинохтанд барқарору баргардон кунад. Худоё Тоҷикистонро дар ҳифзу амонат нигаҳ бидор ва сулҳу суботи комили онро барқарор бардавом бигардон. Як назар кунед ба атрофу авзои имрӯзи ҷаҳон, ки ҳар рӯз зиёда аз ҳазорҳо ҷон қурбон мешавад. Дар ин миён Тоҷикистони мон амн аст, ором аст, обод аст ва муҳимтар аз ҳама соҳиби беҳтарин неъмати дунё - Истиқлолият аст. Ҳифзи ин шарафу номусу Ватандорӣ - Истиқлолият вазифаи имониву виҷдонии ҳар фарди ин Ватан аст. 

Хулоса:

Бардавом бод истиқлоли миллати тоҷик. Худо кунад наслҳои оянда низ асрҳои аср аз ин неъмати беҳбаҳо бархурдор бошанд.

 

Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ