ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: "ДӮСТИИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК АМРИ ХУДОВАНД АСТ"

Ҳамадонӣ: Вокуниш  

ПОСУХ БА ЯК БАРНОМАИ ҒАРАЗНОК

    Имсол соли бисёр пурфайзу бобаракат аст, зеро 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Дар давоми сӣ сол бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ корҳои ободонию созандагиҳои зиёде анҷом пазируфтанд. Ҳаёти мардум ҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ, ҳам иқтисодӣ ва ҳам маънавӣ беҳтар гашт.

 

    Ман зодаи ноҳияи Қубодиёни бостон ҳастам. Дар ноҳия давоми солҳои соҳибихтиёрӣ бисёр дигаргуниҳо ба миён омаданд, ки ҳамаи онҳоро ном гирифтан аз имкон берун аст. Тарзи зиндагии сокинон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарондаанд, куллан тағйир ёфт. 

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сулҳ устувор шуду рӯзҳои сахт аз байн рафтанд. Мардум зиндагии осуда дорад. Деҳаҳо, кӯчаю хиёбонҳо ободу зебо. Ҷамоати деҳоти Ӯтақора Назаров, ки ман зодаи ҳамин деҳотам, хеле рушд кард. Мактабу боғчаҳои нав бунёд гаштанд. Роҳе, ки бо маркази ноҳия пайванд мешавад, бо ташаббуси раиси деҳот Нурмуҳаммад Юсуфов ва маблағи соҳибкорон мумфарш шуд. Ҳоло сохтмони чандин иншооти ҷашнӣ бо суръат идома дорад.

     Дар Қубодиён тоҷикону ӯзбекон ҳампаҳлуянд, дар хона, саҳро, дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат, илму маърифат, хуллас, дар ҳама ҷо аҳлона кору зиндагӣ мекунанд. Дар хонадони ӯзбек арӯси тоҷикро, дар хонадони ӯзбек домоди тоҷикро дидан амри муқаррарист. Бо ду забон ҳарф мезананд онҳо. Ба гуфтаи шоири ширинзабон Боқӣ Раҳимзода «тоҷику ӯзбек дугонике ҳастанд, ки онҳоро фарқ кардан душвор аст».

Агар диққат диҳед, мақолҳои халқӣ, латифаҳо, ривоятҳо дар ду забон дар як қолаб истифода мешаванд. Бисёрии онҳо ба тарҷума зарурат надоранд. Дар давоми суҳбат ӯзбекон аз мақолҳои тоҷикӣ истифода баранд, тоҷикҳо аз мақолҳои ӯзбекӣ мисолҳо меоранд, ки ин ба як одати урфӣ табдил ёфтааст. Дар байни ин ду халқ ҳазлу мутоиба бо самимият, ҳурмату эҳтиром нисбат ба якдигар сурат мегирад.

     Ёд дорам, соли 1950 буд. Ман он вақт дар синфи як мехондам. Бо сиёсати яктарафаи шӯравӣ кӯҳистониҳои Раштро ба водӣ кӯчонданд. Як гурӯҳи муҳоҷирон дар деҳаи мо - Бошқалъа ҷой гирифтанд. Мо бо бачаҳои кӯҳистонӣ зуд забон ёфтем. Дар мактаб якҷоя мехондем, бозӣ мекардем. Ба хонаи ҳамдигар мерафтем. Дар дил ғубор надоштем. Онҳо забони ӯзбекиро, мо забони тоҷикиро меомӯхтем. Байнамон ҳурмат буд. Бегоҳӣ ба хона омада ба падару модарамон, апаву хоҳарамон дар бораи шиносҳои нав, аз хислатҳои хуби онҳо нақл мекардем. 

       Азбаски панди бо ҳам бародар будан дар хуни мо ҷой шуда буд, дӯстии мо то имрӯз давом дорад ва то абад чунин хоҳад буд. Аҷиб он аст, ки ӯзбекҳо ҳангоми дидор бо дӯстони тоҷики худ саъй мекунанд, ки ба забони тоҷикӣ ҳарф бизананд. Тоҷику ӯзбек чӯлу биёбонҳоро ба гулистон табдил доданд, соҳиби мукофотҳои олӣ гаштанд. Риштаҳои дӯстии ба ҳам пайвастаи бобову бобокалонашонро ҷавонони имрӯза обутоб медиҳанд, рангинтар месозанд, ки аз ин мефахрам. Ҳамаи ин аз меҳру муҳаббати бепоён ва ҳурмату иззати ҳамдигарӣ шаҳодат медиҳад.

      Рӯзномаи ноҳия - «Шараф» бо ду забон – тоҷикию ӯзбекӣ чоп мешавад. Ба номи деҳқонҳои асили ӯзбек, қаҳрамонҳои меҳнат Бобомурод Турдимуродов, Холиёр Қурбонов, Саидназар Худойқулов, Тӯлаган Тошқулов, Мамарайим Мамараҷабов, Холмурод Ӯрунов ва дигарон деҳаю кӯчаю мактабҳо номгузорӣ шудаанд, ки рамзи дӯстии ду халқро ифода мекунанд. Муовини якуми раиси ноҳия Алиҷон Тоҷиев низ ӯзбек аст. Яке аз мактабҳои нав номи Алишери Навоиро гирифт ва дар саҳни он муҷассамаи ӯ қад афрохт. 

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вақти сафар ба ноҳияи Қубодиён меҳмони хонадони иҷоракори ӯзбек Тӯлқун Кӯчаров шуданд, ки ин меваи ширини сиёсати одилонаи Сарвари адолаткешу инсонпарвар аст. Президенти мо аз рӯзи Сарвари давлат интихоб шудан, ба намояндагони ҳама халқу миллатҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, ягон халқ аз эътиборашон дур нарафтааст. 

    Дар ин бора аз очерки илмӣ - оммавии ёрдамчии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода «Равобити адабию фарҳангӣ – рукни муҳими таҳкими дӯстии тоҷикон ва ӯзбекон» иқтибос овардан бамаврид аст. Ӯ менависад: «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷумлаи шахсиятҳои сиёсӣ ва роҳбари сатҳи аввал маҳсуб меёбанд, ки барои таҳкими анъанаҳои неки ду халқ – тоҷику ӯзбек иқдом гирифта, дар бисёре аз вохӯриҳояшон бо муҳаббат доир ба дӯстии қадимии мардуми тоҷику ӯзбек изҳори назар кардааст. Махсусан, Сарвари тоҷикон дар ноҳияҳои сарҳадӣ борҳо бо мардуми оддию заҳматкаши ӯзбек вохӯрда, оид ба сулҳу ваҳдат, ободию ободкорӣ, дӯстию бародарӣ суҳбатҳо доир намудааст. Пешвои миллати тоҷикон сифатҳои неку арзандаи фарзандони ӯзбекро ба некӣ ёд карда, хидмати шоистаи онҳоро борҳо бо мукофотҳои давлатӣ қадр намудааст. 

    Дар баробари ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони аҳли илму адаб, санъату фарҳанги ӯзбектаборро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, баробари тоҷикон дар аксари ҷашну идҳои давлатӣ даъваташон мекунанд ва ба онҳо имкон медиҳанд, ки дӯстию рафоқатро бо шеъру оҳангҳои баландғоя тараннум намоянд…» 

    Маҳз ба шарофати сиёсати оқилонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои дӯстонаи ду халқ - тоҷику ӯзбек ба марҳилаи нав баромад. Дар ноҳияи Қубодиён бо ёрии Ҷумҳурии Ӯзбекистон сохтмони беморхонаи нав ба охир мерасад, ки ин самараи ана ҳамин сиёсат мебошад.

     Дар байни ду кишвари дӯсту бародар баргузор кардани рӯзҳои адабиёту фарҳанг, ифтитоҳи роҳи ҳавоии хатсайри Душанбе - Тошкент - Душанбе, аз нав барқарор гардидани хатсайрҳои қатора, густариши савдо ва ниҳоят барои сода кардани раводид тадбирҳои судманд андешидани роҳбарони ду кишвар боиси хушнудӣ аст. Тадбирҳои фараҳбахш, ки барои мустаҳкам гардидани дӯстии тоҷику ӯзбек ёрии калон мерасонанд, шаҳодат медиҳанд, ки дар муносибатҳои ду халқ дигаргуниҳои сифатан нав пайдо шудаанд.

     Вале ин муносибатҳои фараҳбахш, ин сиёсати пешгирифтаи сарварони ду кишвар ба баъзеҳо нофорам расида. Пӯшида нест, ки дар шабакаҳои иҷтимоии хориҷӣ, дар сомонаҳои интернетӣ мақолаву барномаҳои ғаразнок пайдо мешаванд. Маълум аст, ки иддае аз неруҳои ғаразнок пешравиҳои ҷумҳурии моро дидан намехоҳанд. Онҳо аз дур, пинҳонӣ, ба сафедро сиёҳ кардан остин бар задаанд. Дурӯғ бофта, мардумро аз роҳ заданӣ мешаванд. Тухми маҳалгароӣ, фитнаю адоватро пошида, аз ин ҳаловат гирифтан мехоҳанд. Чанде пеш яке аз ҳамин гуна барномаҳои ғаразнокро, ки дар бораи ноҳияи Қубодиён буд, шунида ҳайрон шудам. Ба гуфтаи мураттибон, гӯё, дар ин ноҳия дар давоми сӣ сол ягон хел навигарӣ ба чашм нарасидааст. Гӯё, ҳокимияти маҳаллӣ маҳалгаро буда, дар ҷобаҷогузории кадрҳо ба беадолатӣ роҳ медиҳаду ӯзбекон аз эътибор дур мондаанд.

     Ман ба ин хел иғвогарҳо гуфтаниам: агар дар бораи дӯстии тоҷику ӯзбек маълумоти дақиқ гирифтан хоҳед, худатон бо мардум сари суҳбат гиред, фикру мулоҳизаҳои онҳоро бишнавед. Шунидан кай бувад монанди дидан. Бинед ва хулоса бароред. Фарҳанг ва урфу одатҳои халқҳоямонро омӯзед. Барои бештар наздик намудани халқҳоямон ҳисса гузоред! 

Вале мақсади онҳо дигар аст. Онҳо худро ҳамчун ҳимоятгари ӯзбекзабонон нишон дода, дар асл байни ин ду халқ низоъ андохта, бо ҳамин роҳ нияти бадашонро амалӣ сохтан мехоҳанд. Онҳо бо роҳи фиреб, дурӯғ, ғайбату буҳтон ин дӯстии беғубору софро доғдор кардан мехоҳанд. Онҳо ба баъзе ҳодисаҳои одие, ки дар зиндагӣ рӯй медиҳанд, ба таври худ баҳо додаву хулоса бароварда, бо обуранг тобиши сиёсӣ медиҳанд, дӯстии ин ду халқро пора карда, байни ин ду халқи дӯсту бародар нифоқ андохтанӣ мешаванд.

     Ба гуфтаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин хел ҳаракат пеш ҳам вуҷуд дошт. Фитнаангезии сафавиҳо, ки ба хуни халқи Ҳирот ташна буданд, ба девори дӯстии Ҷомиву Навоӣ бархӯрда, пора-пора шикаста буд, ки ин ҳақиқатро аз манбаъҳои таърихӣ нағз медонем. Шукри Худо, ки ин бинои дӯстӣ, ки хишти аввалинашро Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ гузоштаанд, осеб наёфтааст. Ин бинои дӯстӣ бо дасти сарварони ду кишвар - Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев боз ҳам мустаҳкам ва зеботар гаштааст.

      Мардуми имрӯзаи Қубодиён мардуми сӣ сол пеш, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронда, рӯзҳои сахтро дидаанд, нестанд. Акнун онҳо қадри сулҳу оромӣ, қадри дӯстӣ, қадри истиқлолро нағз медонанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба фиребу найранг, иғвоҳои ҳархела дода намешаванд, намехоҳанд, ки кишварамон ноором бошад.

     Мардумеро, ки ҷанги бемаъниро дидаву азобашро кашидааст, ягон қувваи нохалаф аз роҳ зада наметавонад. Зеро, мардуми замони нав ба вуҷуд омад. Ин наслро истиқлол ба воя расонд. Моҳияти истиқлолро нағз фаҳмид, лаззати истиқлолро чашид. Табиаташ, рӯҳияаш дигар гашт. Муносибатҳои нав реша давонданд. Акнун ӯ нағз медонад, ки соҳиби давлати мустақил аст, Пешво дорад, такягоҳ дорад, пушту паноҳ дорад.

Биёед, дар ин бора ба суханҳои сокинони ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус таваҷҷуҳ намоем.

 

   Мусулмонқул Ҷӯрақулов, нафақахӯри дорои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Ман аз соли 1953 то соли 1964 дар рӯзномаи ноҳиявии «Субҳи Шаҳритуз», ки он замон бо номҳои «Шарқ ёруғлиғи», «Коммунизм учун», «Октябр» чоп мешуд, аз корманди оддӣ то сармуҳаррирӣ кор кардам. Аз 10 январи соли 1964 то 21 декабри соли 1984 котиби Ҳизби коммунисти ноҳияи Шаҳритуз оид ба идеология, муддати ҳафт сол раиси Кумитаи назорати халқии ноҳия, тайи 3 сол директори омӯзишгоҳи касбию техникии № 72 будаму давоми 10 сол ба ҳайси директори китобхонаи марказии ноҳия бо намояндагони халқҳои гуногун – тоҷику ӯзбек, русу қирғиз, туркману қазоқ ва тотор паҳлу ба паҳлу хизмат кардаам.

Махсусан, дар бораи муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек, ки таҳкурсии онро Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ гузошта буданд, сухан гуфтан завқи дигар дорад. Ба ин муносибат, як воқеаи ҳаётиро хотиррасон кардан ба маврид аст. Солҳои 40-уми асри ХХ як гурӯҳ оилаҳои ӯзбекзабонон аз вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба колхози ба номи Калинини ноҳияи Шаҳритуз кӯчида омаданд. 

     Аз ин пас рафтуомади халқҳои тоҷику ӯзбек мустаҳкам гашта, бо якдигар дӯсту бародар, хешу ақрабо шуданд. Дар ноҳия бобои ман Арабалӣ Собиров аввалин шахсе буд, ки духтараш Сангинмоҳро бо писари Султонмурод Ёрматови ӯзбек– Бобомурод тӯй кард, ки онҳо соҳиби 8 фарзанд гаштанд. Ин дӯстию бародарӣ имрӯз низ давом дорад. Дар байни тоҷикону ӯзбекон меҳру муҳаббат устувор аст. Бо ҳамдигар бе тарҷумон гап мезананд, одатҳои хуби ҳамсоягиро риоя мекунанд. Дар вақти зарурӣ ба ҳам ёрӣ мерасонанд. Ин аст якдигарфаҳмӣ, ин аст рисолати дӯстӣ.

 

Эшбӯрӣ Эсонқулов, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Вақте ки сухан дар бораи дӯстии ду халқ - тоҷику ӯзбек меравад, беихтиёр симои падари бузургворам Тӯрахон Эсонқулов пеши чашм меояд, ки мегуфт:

- Писарам, мо - ӯзбекон аз азал бо халқи тоҷик дӯсту бародар, ҳамхуну ҳамҷон, гӯшту нохун ҳастем. Водии Вахш, ки пештар чӯлу биёбон буд, дар обод гаштани он якҷоя заҳмат кашидаем, якҷоя арақи ҷабин рехтаем, яҷоя зиндагӣ намуда, рӯзҳои хурсандиву шодӣ, ғаму андуҳро ба сар бурдаем. Бинобар ин, ин диёр барои мо – ӯзбекон низ азиз ва муътабар аст. Мо ҳеҷ гоҳ худамонро бегона ҳис накардаем. Ба ин сарзамини тоҷикон меҳр баста обрӯ ёфтем, қадру қимат пайдо намудем, соҳиби хонаю дар гаштем. Ба мукофотҳои олӣ сазовор шудем. Дар чандин даъват вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гаштам. Ба унвонҳои Устоди пахтаи Тоҷикистон ва Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ мушарраф гардидам. Шукри Худо, ки аз ҳеҷ чиз камӣ надорем. Дар чунин давлати адолатпарвар – Тоҷикистон зиндагӣ кардан бахти бузург аст. Дар гулгулшукуфии Ватани азизамон – Тоҷикистон ҳиссагузор бошӣ, ҳалол заҳмат кашӣ, қадр меёбӣ. Бо бародарони тоҷик ҳамдилу ҳамнафас бош!

    Ман ба васияти падарам амал намуда, тамоми ҳаётамро барои ободонии Тоҷикистон бахшидам. Меҳнати ҳалоли ман қадри худро ёфт. Аз роҳбари хоҷагӣ то ба дараҷаи раиси ноҳияҳои Шаҳритузу Дӯстӣ, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, аз вакили ноҳиявӣ то ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва бо Сипосномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадр гаштам. Дорандаи ордени «Дӯстӣ», Корманди шоистаи Тоҷикистон буда, айни ҳол нафақагири махсус мебошам.

    Оре, дар Тоҷикистон бахти худро ёфтам. Фахр мекунам, ки чунин Ватани зебо дорам. Ифтихор дорам, ки дар байни бародарони тоҷик мавқеи худ, обрӯю эътибори худро дорам ва шодам, ки фарзанди ин диёрам.

 

    Тиркаш Қарабоев, раиси хоҷагии деҳқонии «Янгиобод»-и ноҳияи Шаҳритус:

- Дар ноҳияи Шаҳритус, асосан, тоҷикону ӯзбекҳо зиндагӣ мекунанд, ки онҳо дар ғаму шодии ҳамдигар шарик мебошанд. Дар душвортарин лаҳзаҳои ҳаёт барои рафъи мушкилоти ҳамдигар иқдом мекунанд. Фаъолиятамро ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти ӯзбек дар ҳамин ноҳия оғоз намудам.

Устодон ба мо чунин таълим медоданд:

- Мо - тоҷикону ӯзбекон падару модарро қиблагоҳ меҳисобем, хешу табориро ба дараҷаи олӣ риоя менамоем, танҳо ба худ не, ба дигарон низ аз Парвардигор бахт металабем. Халқҳое ҳастем, ки бо меҳнатдӯстӣ ва дилкушодии худ, бо дӯстию бародарии худ аҳли ҷаҳонро қоил кардаем.

    Шукри Худо, ки ман фарзанди чунин диёри азиз ва халқҳои муътабар ҳастам. Кӣ будани халқҳои тоҷику ӯзбек, дар таъриху тамаддуни инсоният кадом мавқеъро ишғол намудану чӣ қадар ҳисса гузоштани онҳоро нақл кунем, ба охираш расидан душвор аст. Инро ҷаҳон эътироф намудааст.

   Баъди пароканда шудани давлати шӯравӣ давлатҳое, ки дар ҳайати он буданд, ба истиқлолият мушарраф гаштанд. Давлатдории нав ба вуҷуд омад. Дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки ба мустақилият акнун по гузошта буданд, душвориҳо кам набуданд. Душманоне, ки ҳамкории ин ду давлатро дида наметавонистанд, дар байни онҳо иғво андохтанд, ба амонию оромии онҳо халал расонданд. Муносибати ин ду халқро, ки онҳоро аз якдигар ҷудо намудан душвор буд, вайрон карданӣ шуданд. Оқибат бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ дар байни ду кишвар симхорҳо кашида, минаҳо гузоштанд. Ҳатто роҳи оҳанро барканданд. Дар натиҷа воқеаҳои нохуш, ки ҳамаамон шоҳид ҳастем, рӯй доданд: падару писар, акаю додар, апаю хоҳар, хешу табор чандин солҳо муштоқи дидори якдигар шуданд, якдигарро дида наметавонистанд, аз тӯю тамошои онҳо, ҳатто аз иштирок дар маросими ҷанозаҳояшон бенасиб монданд.

     Вале гузашти замон дар таърихи ҳар миллат бузургони худро пайдо мекунад. Ба шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ин девори сунъӣ бартараф шуд. Акнун ин дӯстиро ягон қувва аз байн бурда наметавонад. Ҳар ду сарвари давлат инро таъкид намуданд, ки ба дил хушнудӣ мебахшад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои болаёқатро қатъи назар аз миллаташон дастгирӣ менамоянд. Бо дастгирии Ҷаноби Олӣ аз омӯзгори одӣ то ба дараҷаи раисии ноҳияи Шаҳритус, сипас, ноҳияи Носири Хусрав, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расидам.

 

Каримҷон Одилов, нафақахӯр:

- Вақте ки соли 1983 ба вазифаи раиси комитети иҷроияи ноҳияи Шаҳритус таъйин гардидам, падарам - Наврӯз Одилов, ки қариб панҷоҳ сол бо касби омӯзгорӣ машғул буданд, таъкид карданд, ки акнун ба вазифаи баланд соҳиб гаштӣ. Ба боварии халқ сазовор шудан кори бузург аст. "Расми хуби тоҷикону ӯзбеконро гум макун". Дар байни тоҷикону ӯзбекон ғайр аз забон дигар фарқияте вуҷуд надорад. Забони тоҷикиро хуб омӯз. Эҳтиром ба забон, эҳтиром ба халқ аст.

    Дар давоми даҳ соли раисиям аз рӯи ҳамин таъкид амал намудам. Ба куҷое, ки наравам, дар куҷое, ки кор накардам, масъалаи дӯстии ду халқро дар мадди аввал гузоштам. Синнам ба 80 расидааст. Бисёр мехостам, ки дар байни ду кишвари дӯсту бародар рафтуомад ба роҳат шавад. Хушбахтона, ба шарофати сиёсати дурандешонаи сарварони ду давлат ин орзуи ман ҷомаи амал пӯшид. Гузаргоҳи сарҳадии Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус ва Гулбаҳори ноҳияи Тирмиз, инчунин, гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани «Ғалаба - Амузанг», ки аз ноҳияи Шаҳритуз мегузарад, кушода шуданд. Акнун мардуми муштоқи ҳар ду ҷониби сарҳад, хешону наздикон, пайвандон ба хонадони ҳамдигар бе мамониат равуо доранд, ки хурсандии онҳо ҳадду канор надорад. Имрӯз дар ҳар ду тараф - ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Ӯзбекистон чароғи дӯстӣ фурӯзон аст. Ин чароғи дӯстӣ, ки бо дастони мубораки сарварони ҳар ду кишвар фурӯзон шуд, хонаю дилҳоро гарму нурафшон кардан доранд.

«Ҷовидон бод дӯстиву бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек!» Ин суханони Ҷаноби Олӣ моро водор мекунанд, ки дӯстиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

 

  Нарзулло Ҷӯраев, муовини раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Шаҳритус:

- Ман зодаи ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, мактабро он ҷо тамом кардам. 

Соли 1959 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанберо хатм намуда, ба Бойсун баргаштанӣ будам. Азбаски дар Тоҷикистон муаллим намерасид, ҳайати комиссияи тақсимот пешниҳод кард, ки дар ягон ноҳияи Тоҷикистон 4 - 5 сол кор карда, баъд дипломамро гирам. Аз ман пурсиданд, ки ба кадом ноҳия майл доред? Барои ман фарқ надошт, ки ба куҷо мефиристанд. Гуфтам, ки ихтиёр ба дасти шумоён аст. Ҷояшон ҷаннат шавад, ректори донишкада Ҳ. Солибоев гуфтанд, ки бачаи боғайрат менамояд, дар ҷои салқинтарини Сурхондарё таваллуд шуда будааст. Ба хотири он, ки камтар дар гармӣ обутоб ёбад, ба ноҳияи Шаҳритуз роҳхат додан лозим.

    Ҳамин тавр, ман роҳи Шаҳритусро пеш гирифта, фаъолиятамро дар мактаби № 1 ҳамчун муаллими забон ва адабиёти тоҷик оғоз намудам. Сипас, дар давоми 20 сол фаъолияти ҳизбӣ дош-там, дар ин муддат мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкандро ба итмом расондам.

   Ман аз он фахр мекунам, ки дар давоми кор бо қаҳрамонони меҳнат Б. Турдимуродов, Х. Қурбонов, М. Алиқулов, Х. Ӯрунов, ки ҳама ӯзбектабор буданд, мактаби байналмилалиро гузаштам. Тарзи кор, муомила, рафтору гуфтор, масъулиятшиносӣ, ҳисси ҷавобгарӣ ба вазифаро омӯхтам. Азбаски тақдир маро бо оилаи ӯзбек пайваст, дарси зиёди дӯстиро, одамгариро, халқпарвариро, иззату икроми байни миллатҳоро беҳтар ва хубтар ҳис кардам. 

    Вазифаи асосии мо - зиёиён аз он иборат аст, ки корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ахлоқию ватанпарвариро дар ҳама ҷо пурзӯр намоем, чунки дар дунё нохалафон зиёданд, мо худро аз ин офат бояд нигоҳ дорем. Чӣ хеле ки бузургон дар вақташ таъкид намуданд, мо як халқем, фақат бо ду забон гуфтугӯ дорем.

   Аз нақли мардумони ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус аён гашт, ки дӯстии тоҷику ӯзбек, чӣ тавре ки Пешвои миллат мегӯянд, амри Худованд буда, ин дӯстӣ абадан боқӣ мемонад. Ба ин дӯстӣ ҳеҷ кас халал расонда наметавонад. Саг аккос задан мегираду корвони дӯстӣ роҳи худро идома медиҳад. Вале аз байни сагҳои газанда гузаштани корвон душворӣ ҳам дорад. Зеро, пайдо шудани ҳар гуна барномаҳои ғаразнок тасодуфӣ набуда, балки бо нақшаи муайян сохта шудааст, ки оқибаташ бисёр даҳшатовар аст. Чӣ қадар хатарноку даҳшатовар будани маҳалгароию қавмҷудокуниро мо аз ҷанги таҳмилии бародаркушӣ нағз медонем. Барои ҳамин, бадбинон роҳи маккориро пеш гирифта, найрангҳои сиёсиро ба кор андохта, ба нифоқ андохтан дар байни миллату қавмҳо ҳаракат мекунанд.

    Барои одамони обрӯмандро бад нишон додан, шаъни онҳоро паст задан, як қавмро ба дигар қавм муқобил гузоштан маълумоти бофтаю сохтаро паҳн мекунанд. Шахсоне, ки дар курсии мансаб нишастаанд, қатъи назар аз қавму миллат, аз кадом водӣ будан, мувофиқи рафтору кирдорашон мукофоти амал мегиранд. Вале як қавмро уҳдабарою дигариро қаллоб, дузд шумурдан хатоест нобахшиданӣ. Муаллифони барномаи ғаразнок айнан ҳамин роҳро пеш гирифтаанд, ки ғайр аз маҳалгароии ашаддӣ ва дар байни халқҳо адоват бедор кардан, дигар ҳеҷ чизе нест.

    Одамони ҳангоматалаб низ ҳастанд, ки намоиши пучу беасосро ба телефонҳои дастияшон сабт намуда, аз он дигаронро хабардор мекунанд. Онҳое, ки ҷаҳонбинии танг доранд, ҳақиқати ҳолро надониста ба сафсатаҳо бовар мекунанд. Намоиши беасосу пучро воқеӣ меҳисобанд ва ҳатто аз паси онҳо мераванд. Жожхоии онҳо ба фиребгарон дастак медиҳад. Барои ба ғарази худ, ба манфиати худ расидан хурсанд ҳам мешаванд . Онҳо кистанд? Онҳо иҷрокунандаи супоришҳои хоҷагони дар хориҷ ниҳон ҳастанд.Ҷанги таҳмилии бародаркуш аз ҳамин гуна ҷудоиандозиҳо оғоз наёфта буд магар? Ҷабри ҷангро кӣ кашид? Халқи одӣ. Дар Қубодиён оилае набуд, ки мотам нагирифта бошад. Рӯзҳои сахти айёми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сабақ аст, сабақи фаромӯшнашаванда. 

     Решаи ҷаҳли дӯст ба дӯст, бародар ба бародар даст бардоштану хуни якдигар рехтан, ба хонаи якдигар оташ задан аз ҳамин гуна мансабталошию ҷудоиандозиҳо, ба иғвогарӣ зӯр задани мунофиқҳо об нахӯрда буд магар? Барои ҳамин, бояд ҳушёр бошем. Роҳ надиҳем, ки тафаккури солиму фикри тозаи одамон, алалхусус мағзи ҷавонҳои имрӯза заҳролуд шавад. Бояд ба ин гуна рафторҳои ношоям бефарқ набошем. Пеши роҳи онҳоеро, ки ба сиёсати иҷтимоии имрӯзаи мо халал расондан мехоҳанд, сарҷамъона, бо қатъият бигирем. 

     Дар пеш Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизу маҳбуб истодааст. Ин неъмати бузурги маънавиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ доштан, якдилию ягонагиро аз даст надодан, ба доми бозиҳои сиёсӣ, иғвогарон наафтида, чашмаи мусаффои дӯстии тоҷику ӯзбекро, ки сарчашмаи он аз дуриҳои таърих неру мегирад, ба наслҳои оянда поку мусаффо расондан, халқҳои аз азал хешу ақрабо бударо боз ҳам наздиктар кардан, вазифаи муқаддаси ҳар яки мост. 

 

Сулаймон ЭРМАТОВ, 

узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон